Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки 13 оилаи ҳунарманди ҷумҳурӣ ва оилаҳои ҳунарманди вилояти Хатлон Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор шуд. Форум бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бо мақсади таъмини иштироки фаъоли ҳунармандони ҷумҳурӣ дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа дар доираи иҷрои нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2026» гузаронида шуд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода изҳор дошт, ки дар шароите, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мустақилонаи тараққиётро пеш гирифта, дар марҳилаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандии адолатпеша қарор дорад, бунёди хонаводаи солеҳ, тарбияи комилу солими насли он ва таъсиси ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба манфиат хоҳад буд. «Имрӯз зарурат пеш омадааст, ки ҳар як аъзои оила дар баробари соҳибмаълумот будан, соҳибикасбу ҳунарманд бошад. Агар ин аз як ҷиҳат василаи зиёд гардидани теъдоди оилаҳои ҳунарманд дар қаламрави ҷумҳурӣ бошад, аз тарафи дигар ба ғанӣ намудани буҷаи оила ва таъмини пурраи иқтисодиёту иҷтимоиёти оила мусоидат мекунад», – баён дошт Бунафша Файзиддинзода. Таъкид гардид, ки маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона тавассути соҳибкасбу соҳибмаълумот ва соҳибҳунар намудани онҳо, инчунин пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, барои эҳёи ҳунарҳои миллию мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Ҷудо гардидани маблағҳои гранти президентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва фаъолияти соҳибкории занон, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани ҷавондухтарон шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад. Иброз гардид, ки дар доираи татбиқи иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори занони ҳунарманду соҳибкори гирандаи грантҳои президентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо марказҳои ҳунармандӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис ёфта, таҳти роҳбарии занони боистеъдод фаъолият мебаранд. «Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки аз ҳунару ҳунармандӣ самара бигирем ва дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо, дар эҳё ва муаррифӣ намудани расму оинҳои мардумӣ саҳми бештар гузорем», – гуфта шуд дар форум. Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ расонида шуд (соли 2024 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ), яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд. Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад. Ин иқдом ба ҷалб ва ҳавасмандгардонии занон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ мусоидат мекунад. Имсол 200 нафар занон-ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ гардиданд. Боварӣ дорем, ки ғолибони озмуни имсола маблағҳои грантиро мувофиқи буҷети пешниҳодшуда мақсаднок истифода карда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки грантҳои президентӣ дар мамлакат дар рушди соҳибкории занон ва таъмини ҷойи нави кор барои занону духтарон нақши муҳим доранд. Вазъи иқтисодии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва махсусияти иқтисоди бозаргонӣ барои доираи фаъолияти соҳибкории занон имконияти бештар фароҳам овардааст. Ин аст, ки теъдоди занони соҳибкор рӯз ба рӯз меафзояд. 0
Дар вилояти Хатлон рӯзҳои наздик нақшаи ҷамъоварии пахта пурра иҷро мегардад. Имсол нақшаи ҷамъоварии пахта дар 19 шаҳру ноҳияи вилоят 254 ҳазору 300 тонна ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз ба андозаи 96 фоиз иҷро гардидаст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Баҳодур Ҳасанзода иттилоъ дод. Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор, то имрӯз 14 шаҳру ноҳия — Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав пурра аз иҷрои нақшаи пахта баромаданд. Баҳодур Ҳасанзода афзуд, ки «кишоварзони вилоят дар доираи иҷрои дастури супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 17 январи соли 2025 амал намуда, ҳосили фаровонро таъмин намуданд». «Дар ин маҷлис Сарвари давлат пахтакориро яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойи фаровони кор барои мардум маънидод карда, оид ба ривоҷ додани ин бахши муҳим супоришҳои қатъӣ дода буданд»,-илова кард сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон. Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш доданд, ки дар 2-3 соли оянда бояд ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз мамлакат берун бароварда нашавад. Сарвари давлат бо таъкид изҳор доштанд, ки корхонаҳои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бунёд гардида, минбаъд истеҳсолот пурра дар асоси пахтаи ватанӣ ба роҳ монда шавад. Тибқи иттилои фаврии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат то 29 октябр кишоварзон 352 ҳазору 897 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 90,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар як рӯз чинакчиён то 2461 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад, зеро тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад. Ин зироатро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад. 0
Дар Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад. Чунин иттилоъ дода шуд зимни Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025», ки 25 октябри соли равон дар пойтахти мамлакат баргузор шуд. Бояд гуфт, ки имрӯз ҷаҳони муосир ба марҳилаи нави илму техника ворид гаштааст. Зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои муҳими иқтисоди рақамӣ ба шумор рафта, дар ҷаҳон ба таври бесобиқа рушд менамояд. Дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон беш аз 750 мутахассиси ҷавон омода карда шудааст. Инчунин ба барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи ҷумҳурӣ ихтисоси «зеҳни сунъӣ» ворид карда шуд. Ҳамзамон татбиқи ин Стратегия дар 100 муассисаи таълимии мамлакат оғоз гардидааст. Мавриди тазаккур аст, ки соли равон бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул карда шуд, ки он аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавқеи кишварро ҳамчун ташаббускори рушди зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ таҳким мебахшад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари ташаббускор дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳанӯз соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки аввалин санад дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Хотиррасон мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо ширкатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Scale AI», «Mistral AI», «Perplexity AI», «Presight» ва Шурои технологияи пешрафтаи АМА (ATRC) ҳамкорӣ мекунад, ки лоиҳаҳои миллии зеҳни сунъиро дар амал татбиқ менамоянд. Айни замон дар шаҳри Душанбе марказҳои таҳияи барнома ва кор дар самти зеҳни сунъӣ амал мекунанд. Ёдовар мешавем, ки 25 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» баргузор шуд. 0
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад. 0
Аз 28 то 30 октябр дар Кинотеатри «Ватан» Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои синамои Қазоқистон 28 октябр, соати 17:00 баргузор шуда, нахуст филми драмаи ҳарбии «Вақти ватанпарварон» (Время патриотов) таҳти коргардонии Серикбол Утепбергенов намоиш дода мешавад. 29 октябр, соати 17:00 тамошобинон метавонанд филми «Кажимукан — Чемпиони ҷаҳон» (Кажымукан — Чемпион мира) — филми биографӣ-варзишии коргардон Канагат Мустафинро тамошо намоянд. 30 октябр, соати 17:00 филми драмаи иҷтимоии «Амре» (Амре), ки коргардони он Ҷефф Веспа мебошад, пешниҳоди тамошобинон карда мешавад. Тибқи иттилои манбаъ, вуруд ба намоишҳо озод буда, хоҳишмандон метавонанд ба олами фарҳанги синамоии ин кишвари дӯсту ҳамсоя ошно шаванд. Баргузории Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон идомаи анъанаи хуби ҳамкории фарҳангии байни ду давлат мебошад, ки дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумони ду кишвар нақши арзанда мегузорад. Ёдовар мешавем, ки соли равон маротибаи дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон доир карда мешаванд. Дар ин замина метавон гуфт, ки ин раванд ба рушди минбаъдаи робитаю ҳамкории судманди синамогарони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад. 0
Ангур меваи коркардшавандаи саноатӣ буда, дар шароити Тоҷикистон зиёда аз 200 намуди он парвариш карда мешавад. Аз ин мева тақрибан 50 навъи маҳсулоти истеъмолӣ омода мегардад. Яъне, аз поя то барги он дар саноати истеъмолӣ истифода мегардад. Барои хушк намудани он навъҳои мавизӣ ва кишмишӣ интихоб карда мешаванд. Чунин иброз намуданд мутахассисони соҳаи кишоварзӣ. — Дар айни замон дар мамлакат ҷамъоварии меваи ангур идома дорад. Ангур меваи коркардшавандаи саноатӣ буда, онро муташаккилона ҷамъоварӣ менамоянд. Ҳосилнокии баланду таъми лазизи ангури дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда аз ҳавои мусоид ва иқлим вобастагӣ дорад. Самаранок истифода бурдани технологияи имрӯза дар соҳаи ангурпарварӣ имкон додааст, ки мамлакати мо аз ҷиҳати истеҳсол дар Осиёи Марказӣ яке аз беҳтаринҳо гардад. Дар мамлакат аз аввали тобистон то охири фасли тирамоҳ ангур фаровон аст. Имрӯз олимон ва мутахассисони Осиёи Марказӣ бо таҷрибаи парвариши ангур дар Тоҷикистон шинос шуда, онро дар кишварҳои худ истифода менамоянд. Муовини Раиси шаҳри Турсунзода Раҳматулло Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки ангурро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бо тарзу усули хос хушк менамоянд. Асосан дар мамлакат ангурро дар зери шуоъҳои Офтоб бе истифодаи маҳлулҳои химиявӣ ва ё бо истифодаи маҳлулҳои гуногун дар зери нурҳои Офтоб ва соя хушк менамоянд. Ангурро аз буттааш ҷамъоварӣ мекунанд, аввал дар оби ҷӯшомада маҳлули ишқор илова карда, баъдан ду хӯшаи ангури ба ҳам пайвастро ба муддати аз 2 то 3 дақиқа дар об нигоҳ дошта, сипас овезон мекунанд. Муҳлати тайёр шудани мавиз бо чунин усул аз 15 то 20 рӯзро дар бар мегирад. Пас аз сипарӣ шудани ин муддат донаҳои мавизро ҷудо карда, дар ҷойи муайян то хушк шуданаш нигоҳ медоранд. Ангурпарварони мамлакат мавизро бо ду усул — офтобӣ ва соягӣ омода менамоянд. Бо назардошти иқлим ва шароити мусоиди мамлакат усули офтобиро бештар истифода менамоянд. Ба иттилои мутахассисон, мавизи дар Офтоб хушкшаванда назар ба усули соягӣ зудтар омода мегардад ва хуштамъу босифат аст. Инчунин ҳангоми тайёр намудани чунин мавиз ягон маҳлули кимиёвӣ истифода намегардад ва он аз лиҳози экологӣ тозаву безарар буда, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Ҳадаф аз хушкнамоии ангур бо чунин тарзу усул рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсолии ватанӣ ва баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки аз 4 килограмм ангур 1 килограмм мавиз омода карда мешавад. Ба иттилои ғизошиносон, мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо мебошад. Таркиби он аз витаминҳои гурӯҳи В, витамини С, минералҳои гуногун, ба монанди оҳан, калий, калтсий, фосфор ва антиоксидантҳо бой аст. Минерали асосии мавиз – оҳан мебошад ва истеъмоли он ба муолиҷаи бемории камхунӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон хӯрдани мавиз барои дил, дандону устухон ва чашм манфиати хуби шифоӣ дорад. Ба тавсияи мутахассисон, гурӯҳи витаминҳои В, ки дар таркиби мавиз мавҷуд аст, ҳолати системаи асабро муътадил нигоҳ медорад. Витамини С дар фасли зимистон масунияти организмро баланд бардошта, неруи инсонро тақвият мебахшад. Таҳқиқоти кардиологҳо тасдиқ намуд, ки мавиз ба кори дил ва рагҳои хунгузар таъсири судманд мерасонад. Истеъмоли он гардиши хунро беҳтар сохта, фишори хунро паст менамояд. Мавиз инчунин хавфи сар задани сактаи дилро пешгирӣ намуда, камхуниро бартараф месозад. 0
Китобхонаи бо тарҳу намои муосир сохташуда аввалин иншооте буд, ки 23 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Иншоот бо ҳадафи тақвияти дониш ва иттилооти аҳолии деҳот, омӯзиши илмҳои замони муосир ва омодагии довталабон ба сабқатҳои зеҳнӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шудааст. Дар китобхона 10 ҳазор адабиёти гуногун мавҷуд аст. Ҳамкорӣ ва пайваст будан бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаи фарҳанг, китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар марказҳои илму дониш хазинаи адабиёти электронии китобхонаро ба зиёда аз як миллион баробар мекунад. Фароҳам будани ин шароит имкон медиҳад, ки хоҳишмандон ба асарҳои сиёсӣ, бадеӣ ва илмии бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳон дастрасӣ дошта бошанд. Омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷӣ аз масъалаҳои зери таваҷҷуҳи доимии роҳбари давлат аст.Дар китобхона маркази забономӯзӣ низ кушода шуд, ки бо 18 компютери пайваст бо хатти интернет ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз мебошад. Дар се синфхонаи барои 36 нафар пешбинишуда шароити муосири омӯзиши забон ва фанҳои дақиқ муҳайё карда шудааст. Омўзиши забонҳои рӯсӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ ва илмҳои дақиқ бо ҷалби омӯзгорони дорои дониш ва таҷрибаи баланди касбӣ гузаронида мешавад. Панҷ ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти рӯзгор барои истироҳат ва будубоши омӯзгорон пешбинӣ шудааст. Дар китобхона ва маркази омӯзиши забонҳо 12 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд. 0
24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ҷасурро ифтитоҳ намуданд. Иншоот дар асоси супориши Роҳбари давлат вобаста ба бунёди ҳатмии кӯдакистон дар маҳаллаҳои дорои зиёда аз 100 хоҷагӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шудааст. Ин иқдом бозгӯи гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи босамари “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025” аз ҷониби соҳибкорон аст. Иншооти мазкур дар деҳаи Ғарғара аввалин кӯдакистон буда, тарҳи миллӣ ва муосир дорад. Синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимот барои бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани 350 кӯдак пешбинӣ шудааст. Таълими дӯстрӯякон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ҷалби 12 парастори соҳибтахассус сурат мегирад. Машғулияти кӯдакон бо истифода аз ранг, ҳарфу рақам, аломату нишонаҳо ва шаклҳои геометрӣ гузаронида мешавад. Парасторон бо истифода аз ин шароит ва ташкили бозиҳои гуногун, омӯзиши суруд, рассомӣ ва машқҳои равонӣ қобилияти ҳалли масъалаҳо ва фикрронии кӯдаконро инкишоф медиҳанд. Барои истироҳати кӯдакон ҳуҷраҳо бо рахти бароҳат, ҷевон ва бозичаҳои мутобиқ ба завқи онҳо таҷҳизонида шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро барои дар шароити деҳот бунёд намудани кӯдакистони ҷавобгў ба талабот намунаи пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар унвон намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат фаъолияти боғчаҳо дар рушди зеҳну тафаккур, забон ва муошират, эҷодкорӣ, мутобиқ шудан ба муҳити омӯзиш ва омодагии кӯдакон ба давраи мактаб нақши муасир мегузорад. Масъалаҳои бунёд ва фаъолияти кӯдакистонҳо дар ҳама шаҳру деҳот, ки ба иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ нақш мегузорад, бештар таъкид гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати мураббияҳо истифодаи дурусти шароити фароҳамшуда ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани кӯдаконро тақозо намуда, иҷрои дурусти ин рисолатро нишони дӯст доштани миллату давлат унвон карданд. Барои бемушкилӣ сипарӣ намудани мавсими тирамоҳу зимистон ҳуҷраҳо бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, зиёда аз 100 тонна ангишт захира карда шудааст. Гулу буттаҳо ва дарахтони ороишии дар саҳни ҳарду бино шинонидашуда ҳусни ин мавзеъи деҳаи Ғарғараро диданӣ ва афзун мекунад. Ду иншооти ба зеҳну тафаккур заминагузор: Китобхона ва Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ҷасур, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара ифтитоҳ ёфтанд, ба таъсиси 37 ҷойи нави корӣ замина гузоштанд. 0
Майдони варзишии болопӯшида дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара сеюмин иншооти аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шуда аст, ки дар ҳамин рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Иншоот барои баргузории бозии футбол пешбинӣ шуда, рамзи таваҷҷуҳ ба рушди ин навъи варзиш ва сарафрозии соҳибкорон аз ташаббус ва пешниҳоди Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони рӯзи ҷаҳонии футбол аст, ки соли 2024 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Майдони варзишии болопӯшида дар масоҳати 20 садяк замини бекорхобида бо паҳноии 22 метр ва дарозии 42 метр бунёд шудааст. Иншоот бо ҷалби 40 сокини маҳаллӣ ҷавобгӯи талабот сохта шуда, ҳамчун макони баргузории бозиҳои дӯстона ва муттаҳидкунандаи ҷавонон хизмат менамояд. Тарҳи майдони варзишӣ имкон медиҳад, ки бозиҳои футбол новобаста ба фасли сол ташкил ва баргузор шавад. Дар шафати иншоот барои бозии волейбол ва дигар машқу тамрин шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳуҷраҳои ивазкунии либос, ҳаммом ва дигар инфрасохтори мавҷуд таваҷҷуҳи ҷавононро ба намудҳои гуногуни варзиш бештар намуда, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим нақш мегузорад. Ҳудуди майдони варзишии болопӯшидаро гулҳои рангин, буттаҳо ва дарахтони ороишву ҳамешасабз зиннат медиҳанд. Сокинон имкон доранд, ки аз рақобати дастаҳои футбол ва гулгашти ҳудуди он хушу бароҳат тамошо намоянд. Барои ин дар паҳлӯи майдони варзишӣ нишастгоҳҳо насб карда шудааст. 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Мактаби замонавии бошукӯҳ дуошёна буда, аз ҷониби оилаи Бобозодаҳо ва бо саҳми дигар соҳибкорони меҳандӯсти деҳаи Рахшонзамин бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст. Муассисаи таълимӣ Корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90 дар деҳаи Рахшонзамин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 оғоз гардида, дар муддати камтар аз як сол ва қабл аз муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Муассисаи замонавии таълимӣ аз 36 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла барои фанҳои химия, физика, математика, омӯзиши компютер, технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ҳамчунин аз китобхонаву толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар озмоишгоҳҳои мактаб асбобу айёниятҳои дарсӣ мавҷуд аст, ки хонандагон барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун аз онҳо босамар истифода мебаранд. Дар синфхонаи барҳавои компютерӣ, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар гарданд. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкасб гардонидани хонандагон асбобҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, мошинаҳои дӯзандагӣ ва дигар шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Духтарон баробари омухтани либосдӯзӣ, ҳамзамон бо роҳнамоии омӯзгорон метавонанд бо нозукиҳои касбу ҳунарҳои дигар низ бохабар шаванд. Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимии навбунёд толори барҳавои варзишӣ барои бозиҳои футболу волейбол ва 2 майдончаи варзишии дигар дар саҳни бино сохта шудааст. Бо мақсади ташкил ва баргузор кардани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар таълимгоҳ толори барҳавои маҷлисӣ бо 160 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Маҷлисгоҳ бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, бо санъати миллии меъморӣ оро ёфтааст. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки дорои 60 ҷойи нишаст мебошад. Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 52 омӯзгори соҳибтахассус кору фаъолият менамоянд. Мактаб дорои таҷҳизоти гармидиҳӣ мебошад, ки тариқи он синфхонаҳо дар фасли зимистон гарм нигоҳ дошта мешаванд. Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Данғара идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ сабзу хуррам буда, дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст, ки барои ташаккули ҳисси зебоипарастии хонандагон мусоидат менамояд. Суҳбаткадаҳои саҳни бино бошад, бо тарҳи ҷолиб омода шуда, намои зоҳирии муассисаи таълимиро боз ҳам диданӣ намудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон барои истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд. 0