Дар моҳҳои январ-августи соли 2025 шумораи мусофиркашонӣ тавассути нақлиёт нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,2 фоиз зиёд аст. Яъне, тавассути ҳама намуди нақлиёт ба зиёда аз 695,3 миллион нафар мусофирон хизмат расонида шудааст. Дар ин хусус Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Мувофиқи маълумоти Агентии омор, давоми 8 моҳи соли 2025 мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки таносуби он 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳама намуди нақлиётро ташкил медиҳад. Дар ин давра инчунин бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо, корхонаю ташкилоти ҳама шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) 679,7 миллион мусофирон кашонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,4 фоиз зиёд аст. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Федератсияи Русия усули нави мониторинги пиряхҳоро бо истифодаи таҷҳизоти георадарӣ дар якҷоягӣ бо таҳқиқоти аэровизуалӣ гузарониданд.Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва георадарии ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳои кӯҳии Тоҷикистон барои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои обӣ, иқлим ва пиряхҳо, ҳамзамон амалӣ сохтани ташаббуси «Даҳсолаи амалҳо оид ба дастгирии илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034» гузаронида шуданд. Ҳадафи истифодаи усули георадарӣ дастрас намудани маълумоти дақиқтар оид ба ғафсӣ ва зичии пиряхҳо буда, барои пешгӯии дарозмуддати динамикаи онҳо ва баҳогузорӣ ба захираҳои обӣ зарур мебошад. Аҳамияти асосии кор дар он аст, ки таҳқиқот бори аввал бо истифодаи георадар дар платформаи чархболӣ анҷом дода шуд. Ин усул имкон фароҳам овард, ки қисмҳои дастнорас ва баландкӯҳи пиряхҳо мавриди тадқиқ қарор гиранд, ки анҷоми ченкунии заминӣ дар онҳо душвор ё ғайриимкон аст. Дар ҷараёни мушоҳидаҳо инчунин аксбардории пиряхҳо ва кӯлҳои баландкӯҳи минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом дода шуд. Ин ба ғанӣ гардидани пойгоҳҳои миллии маълумот ва атласҳо бо маводи нав мусоидат менамояд. Натиҷаҳои пешакии таҳқиқот нишон доданд, ки усули истифодашуда дорои самаранокии баланд мебошад. Ин усул имкон медиҳад, ки дар бораи тағйироти пиряхҳо ва дигар объектҳои обии Тоҷикистон маълумоти дақиқ ва боэътимод ҷамъоварӣ карда шавад. Ҳамзамон таҳлилҳо собит намуданд, ки истифодаи минбаъдаи чунин равиш метавонад барои ташкили низоми мониторинги мунтазаму устувори пиряхҳо ва манбаъҳои обии мамлакат дурнамои васеъ дошта бошад.Далее Следующая запись: Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи генералии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди муҳокима дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, қабул карда шуд. Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ин иқдоми навбатӣ ва саривақии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бомароми иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори миннатдорӣ менамояд. Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ дар таҳкими маърифати шаҳрдорию шаҳрнишинӣ ва тибқи талаботи замони муосир бунёд намудани иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқи шаҳр такони ҷиддӣ мебахшад. Ёдовар мешавем, ки 29 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармояи мустақим, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани неруи барқ, аз ҳозир тайёрӣ дидан ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ-2026 ва омодагии ҳамаҷониба барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.