Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 26 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи мамлакат, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат амалӣ менамояд. Мувофиқи моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия доир мешавад.Бо ин муносибат имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паёми табрикотӣ иброз намудаанд, ки “ин сана дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон ҳамчун рӯзи муҳиму рахшон ҷойгоҳи хосса дорад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ низоми дупалатагии парламентӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд, ки то имрӯз фаъолияти устувору пурсамар дорад”. «Маҷлиси Олӣ дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар асоси манфиатҳои миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ташаккул дода, пояи устувори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро барқарор созад», -изҳор доштанд муҳтарам Рустами Эмомалӣ. Инчунин иброз гардид, ки Парламенти мамлакат бо такя ба таҷрибаву роҳҳои таърихии қонунгузории миллӣ ва бо назардошти ниёзҳои ҷомеаи имрӯза қонунҳои муҳим ва муосир қабул менамояд, ки дар раванди таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванду рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши калидӣ доранд. Имрӯзҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо масъулияти баланд ва эҳсоси ифтихори миллӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва пешбурди сиёсати созандаи Сарвари давлат талош варзида, дар рушди парламентаризми миллӣ саҳми намоён мегузоранд.. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ метавонад ба раванди амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз ҳама кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос намуданд. «Итминон дорам, ки қатъномае, ки 25 июли соли равон аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ қабул гардид, ҳамчун василаи асосии истифодаи бехатар ва одилонаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо хизмат менамояд»,-иброз намуданд Пешвои миллат. Дар ин замина Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем». Ин марказ, бешубҳа, метавонад ба татбиқи ташаббус ва лоиҳаҳои муштараки кишварҳои аъзои Осиёи Марказӣ дар самти зеҳни сунъӣ мусоидат намояд.Далее Следующая запись: Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Федератсияи Русия усули нави мониторинги пиряхҳоро бо истифодаи таҷҳизоти георадарӣ дар якҷоягӣ бо таҳқиқоти аэровизуалӣ гузарониданд.Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва георадарии ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳои кӯҳии Тоҷикистон барои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои обӣ, иқлим ва пиряхҳо, ҳамзамон амалӣ сохтани ташаббуси «Даҳсолаи амалҳо оид ба дастгирии илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034» гузаронида шуданд. Ҳадафи истифодаи усули георадарӣ дастрас намудани маълумоти дақиқтар оид ба ғафсӣ ва зичии пиряхҳо буда, барои пешгӯии дарозмуддати динамикаи онҳо ва баҳогузорӣ ба захираҳои обӣ зарур мебошад. Аҳамияти асосии кор дар он аст, ки таҳқиқот бори аввал бо истифодаи георадар дар платформаи чархболӣ анҷом дода шуд. Ин усул имкон фароҳам овард, ки қисмҳои дастнорас ва баландкӯҳи пиряхҳо мавриди тадқиқ қарор гиранд, ки анҷоми ченкунии заминӣ дар онҳо душвор ё ғайриимкон аст. Дар ҷараёни мушоҳидаҳо инчунин аксбардории пиряхҳо ва кӯлҳои баландкӯҳи минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом дода шуд. Ин ба ғанӣ гардидани пойгоҳҳои миллии маълумот ва атласҳо бо маводи нав мусоидат менамояд. Натиҷаҳои пешакии таҳқиқот нишон доданд, ки усули истифодашуда дорои самаранокии баланд мебошад. Ин усул имкон медиҳад, ки дар бораи тағйироти пиряхҳо ва дигар объектҳои обии Тоҷикистон маълумоти дақиқ ва боэътимод ҷамъоварӣ карда шавад. Ҳамзамон таҳлилҳо собит намуданд, ки истифодаи минбаъдаи чунин равиш метавонад барои ташкили низоми мониторинги мунтазаму устувори пиряхҳо ва манбаъҳои обии мамлакат дурнамои васеъ дошта бошад.