Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ метавонад ба раванди амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз ҳама кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос намуданд. «Итминон дорам, ки қатъномае, ки 25 июли соли равон аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ қабул гардид, ҳамчун василаи асосии истифодаи бехатар ва одилонаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо хизмат менамояд»,-иброз намуданд Пешвои миллат. Дар ин замина Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем». Ин марказ, бешубҳа, метавонад ба татбиқи ташаббус ва лоиҳаҳои муштараки кишварҳои аъзои Осиёи Марказӣ дар самти зеҳни сунъӣ мусоидат намояд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Имсол ба таваллуди шоири бузурги классики тоҷику форс — Ҳофизи Шерозӣ, ки то имрӯз шеърҳояш вирди забони мардуми олам қарор гирифтаанд, 700 сол пур мешавад. Бинобар ин, имсолро метавон соли бузургдошти Ҳофиз дар Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳони мутамаддин номид. 11 июни соли равон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, дар шаҳри Парижи Фаронса бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва анҷумани «Рӯдакӣ» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» конфронси байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Иштироки Тоҷикистон ба сифати баргузоркунандаи ин конфронс воқеан фарогир ва ҳамаҷониба буд. Яке аз иштирокдорони он, донишманди маъруфи Эрон Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ дар гузориши худ, ки дар матбуоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расонд, ёдовар шудааст, ки «Тоҷикистон бо ҳузуре пуррангу ҳамаҷониба… Ҳофизро амалан ба Порис оварда буд». Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ таъкид намудааст, ки «қироати шеъри Ҳасани Султон – шоири муосири тоҷик, ки дар поёни ҷаласа хонда шуд, сафари маҷозии Ҳофизро бештар дар хотираҳо нишонд: Ишқ дар пардаи «Шаҳноз» ба Порис омад, Ҳотифи анҷумани роз ба Порис омад. Рафт овозаи ин ҷамъ чу бар базми малак, Ҷибриил аз раҳи парвоз ба Порис омад. Шонз-Элизаи Порис Мусаллост дигар, Хоҷа аз гулшани Шероз ба Порис омад. Гарчи аз хиттаи Шероз намерафт бурун, Хоҷа сармасту сарафроз ба Порис омад. Лафзи шаккаршикани форсии тоҷикӣ Бо ҳама шавкату эъҷоз ба Порис омад. Мутрибо, парда магардону мазан роҳи дигар, Ишқ дар пардаи «Шаҳноз» ба Порис омад. Дар Тоҷикистон ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҳамоишу тантанаҳо идома доранд. 24 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон. Аз Порис то Душанбе» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад, ки идомаи мантиқии ҳамон ҳамоиш мебошад. Дар конфронс донишмандони ватанию хориҷӣ оид ба рӯзгору ашъор ва ҷанбаҳои муҳими маънавию маърифатии осори шоир суханронӣ менамоянд. Умедворем, ки ин конфронси илмӣ ҳам ба мисли конфронси қаблӣ, ки бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон 11 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО, дар Париж баргузор гардид, қадами муҳим ва саҳифаи нав дар ҳофизшиносӣ хоҳад буд.

Далее Следующая запись:

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 26 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи мамлакат, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат амалӣ менамояд. Мувофиқи моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия доир мешавад.Бо ин муносибат имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паёми табрикотӣ иброз намудаанд, ки “ин сана дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон ҳамчун рӯзи муҳиму рахшон ҷойгоҳи хосса дорад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ низоми дупалатагии парламентӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд, ки то имрӯз фаъолияти устувору пурсамар дорад”. «Маҷлиси Олӣ дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар асоси манфиатҳои миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ташаккул дода, пояи устувори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро барқарор созад», -изҳор доштанд муҳтарам Рустами Эмомалӣ. Инчунин иброз гардид, ки Парламенти мамлакат бо такя ба таҷрибаву роҳҳои таърихии қонунгузории миллӣ ва бо назардошти ниёзҳои ҷомеаи имрӯза қонунҳои муҳим ва муосир қабул менамояд, ки дар раванди таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванду рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши калидӣ доранд. Имрӯзҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо масъулияти баланд ва эҳсоси ифтихори миллӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва пешбурди сиёсати созандаи Сарвари давлат талош варзида, дар рушди парламентаризми миллӣ саҳми намоён мегузоранд..

Parlumon-1
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/