Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Истеъмоли анҷир ба саломатии инсон нафъи калон бахшида, хавфи касалии дилро кам менамояд. Онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар ва пешоброн низ тавсия медиҳанд. Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи анҷирро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ниёгони мо бо анҷир бемориҳои диққи нафас, сурфаи музмин, камхунӣ, бемадории организм, таппиши дил, бемориҳои меъда, ҷигар, гурда, сипурз ва ғайраро муолиҷа мекарданд. Абуалӣ ибни Сино истеъмоли анҷирро ба одамони солхӯрда ва ашхоси аз бистари бемории вазнин хеста тавсия додааст. Меваи анҷир хосияти арақу пешобронӣ дорад. Ҷӯшоби баргҳои наврустаи анҷир давои хуби киҷҷарон аст. Тухми анҷир исҳоловар мебошад. Тавре олимони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, истеъмоли меваи анҷир кори рӯдаю меъдаро хуб менамояд. Калийе, ки дар таркиби ин мева мавҷуд аст, ба беморони дилу рагҳо шифо мебахшад. Маҳз зиёд будани калий ва магний дар таркиби анҷир қобилияти мустаҳкам намудани масуният, рафъ намудани бактерия ва вирусҳоро дорад. Инчунин ин мева бӯйи нохуши даҳонро аз байн мебарад, мӯйи сарро дароз мекунад ва боиси пешгирии бемории фалаҷ мегардад. Меваи анҷир манбаи мис мебошад, ки барои мубодилаи моддаҳо, ташаккули ҳуҷайраҳои сурхи хун, истеҳсоли нейротрансмиттерҳо ва бофтаи пайвандак муҳим аст. Ғайр аз ин, дар анҷир витамини В6 ҳам мавҷуд буда, ин витамин барои системаи дилу рагҳо муфид аст. Инчунин анҷир аз витамини К бой аст, ки хусусияти таҳкими деворҳои рагҳо ва пешгирии тромбҳоро дорад. Анҷир кори рӯдаҳоро беҳтар ва баъзе бемориҳои системаи ҳозимаро пешгирӣ менамояд. Гарчанде ки анҷир зараровар нест, аммо бо баъзе сабабҳо бояд ҳангоми истеъмоли он эҳтиёткор бошем. Азбаски дар таркибаш миқдори кофии шакар дорад, афзоиши миқдори шакар дар хун пас аз истеъмоли зиёд метавонад боиси диабети қанд гардад. Аммо чойе, ки аз барги анҷир тайёр карда мешавад, ба фарқ аз худи мева миқдори шакарро дар организм назорат менамояд. Меваи дар шир ҷӯшондаи онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар, пешоброн тавсия медиҳанд. Тухми анҷир давои исҳоловар аст. Шираи анҷирро барои муолиҷаи ҷароҳат ва гармича истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон анҷир аз замонҳои қадим парвариш карда мешавад. Он дарахти равшанипарвар ва гармидӯст аст. Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи анҷирро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ниёгони мо бо анҷир бемориҳои диққи нафас, сурфаи музмин, камхунӣ, бемадории организм, таппиши дил, бемориҳои меъда, ҷигар, гурда ва сипурзро муолиҷа мекарданд. Ба ақидаи Абуалӣ ибни Сино, истеъмоли анҷир дар наҳорӣ, хусусан якҷоя бо чормағз ва бодом барои организм судбахш аст. Қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд, барои гурда ва масона нафъ меорад, реги гурдаро меронад, бемории саръро шифо мебахшад, ранги рӯйро тоза мекунад. Барги анҷир барои илоҷи шукуфа нафъ дорад. Онро ҳангоми саглес ва захмҳои гуногун истифода мекунанд. Ҷӯшоби баргҳои хушк ва решаи анҷирро ҳангоми заъфи меъда, ҷӯшоби меваашро барои муолиҷаи бемориҳои гурда ва камхунӣ истифода мебаранд. Чойи анҷири қоқ дарди гулӯро рафъ менамояд. Дар китоби «Канзи Шифо» чунин омадааст: «Дар вақти сабз будани баргҳояш шохашро бишикананд ё баргашро бикананд, шир аз он ҷо бармеояд. Ҳамин ширро бо асал даромехта, хоҳ ба чашм бимоланд ва хоҳ дар чашм чаконанд, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, рафъ менамояд; инчунин ба сӯрохи гавҳараки чашм зардоб фуромада ва дар ҳолати ибтидо бошад, онро ҳам рафъ мегардонад; агар табақаҳои чашм ғализ, яъне дағал шуда бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад. Оби баргашро ба чашм бичаконанд, ҷӯшишҳои хоришовари пилкҳоро сиҳат мебахшад». Аз ҷиҳати илмӣ исбот карда шудааст, ки истифодаи анҷир ба саломатии инсон нафъи калон дорад.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Ба ифтихори 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик» намоиши ҷумҳуриявии ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода ва дигар намояндагони илму фарҳанги мамлакат доир ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули тоҷику форс сухан намуданд. Дар намоиш ходимони илмии Осорхонаи миллӣ аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ шеъру ғазалҳо қироат намуданд. Дар намоиши ҷашнӣ аз фонди тиллоии осорхона маҷмуи осори таърихию фарҳангие, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмию адабии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мебошанд, ба маъраз гузошта шуданд. Дастнавис ва китобҳои чопи сангии девонҳо, куллиёт ва баёзҳои Ҳофизи Шерозӣ, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори шоир, асари санъати рассомӣ бо тасвири симои Ҳофиз, аксҳо аз ҷараёни баргузории намоиши байналмилалии «700 сол бо Ҳофиз» дар қароргоҳи ЮНЕСКО, осори нодири мисӣ, биринҷӣ, сангӣ ва чӯбии катибадор, лавҳаҳои хушнависӣ бо хатҳои зебои настаълиқ ва куфӣ, сӯзаниҳои катибадор, асарҳои илмии тозанашри олимону ҳофизшиносони ватанию хориҷӣ роҷеъ ба ҳаёту рӯзгори Ҳофизи Шерозӣ ва дигар осори дорои аҳамияти осорхонавӣ аз ин ҷумла буданд. Намоиши ҷашнии «Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 ташкил карда шуда, то 1 октябр идома меёбад.

photo_2025-09-19_15-15-50
Далее Следующая запись:

Имсол ба таваллуди шоири бузурги классики тоҷику форс — Ҳофизи Шерозӣ, ки то имрӯз шеърҳояш вирди забони мардуми олам қарор гирифтаанд, 700 сол пур мешавад. Бинобар ин, имсолро метавон соли бузургдошти Ҳофиз дар Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳони мутамаддин номид. 11 июни соли равон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, дар шаҳри Парижи Фаронса бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва анҷумани «Рӯдакӣ» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» конфронси байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Иштироки Тоҷикистон ба сифати баргузоркунандаи ин конфронс воқеан фарогир ва ҳамаҷониба буд. Яке аз иштирокдорони он, донишманди маъруфи Эрон Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ дар гузориши худ, ки дар матбуоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расонд, ёдовар шудааст, ки «Тоҷикистон бо ҳузуре пуррангу ҳамаҷониба… Ҳофизро амалан ба Порис оварда буд». Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ таъкид намудааст, ки «қироати шеъри Ҳасани Султон – шоири муосири тоҷик, ки дар поёни ҷаласа хонда шуд, сафари маҷозии Ҳофизро бештар дар хотираҳо нишонд: Ишқ дар пардаи «Шаҳноз» ба Порис омад, Ҳотифи анҷумани роз ба Порис омад. Рафт овозаи ин ҷамъ чу бар базми малак, Ҷибриил аз раҳи парвоз ба Порис омад. Шонз-Элизаи Порис Мусаллост дигар, Хоҷа аз гулшани Шероз ба Порис омад. Гарчи аз хиттаи Шероз намерафт бурун, Хоҷа сармасту сарафроз ба Порис омад. Лафзи шаккаршикани форсии тоҷикӣ Бо ҳама шавкату эъҷоз ба Порис омад. Мутрибо, парда магардону мазан роҳи дигар, Ишқ дар пардаи «Шаҳноз» ба Порис омад. Дар Тоҷикистон ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҳамоишу тантанаҳо идома доранд. 24 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон. Аз Порис то Душанбе» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад, ки идомаи мантиқии ҳамон ҳамоиш мебошад. Дар конфронс донишмандони ватанию хориҷӣ оид ба рӯзгору ашъор ва ҷанбаҳои муҳими маънавию маърифатии осори шоир суханронӣ менамоянд. Умедворем, ки ин конфронси илмӣ ҳам ба мисли конфронси қаблӣ, ки бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон 11 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО, дар Париж баргузор гардид, қадами муҳим ва саҳифаи нав дар ҳофизшиносӣ хоҳад буд.

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Сентябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  
« Авг   Окт »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram