Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

ИСТИҚЛОЛ ВА ЭНЕРГЕТИКА. РӮЙДОДҲОИ МУҲИМ БА АМАЛ ОМАДАНД Соҳаи энергетика дар рушду тараққии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. На танҳо рушди иқтисодӣ, балки сифати зиндагии ҳар як шаҳрванд ба истеҳсоли устувори неруи барқ вобаста аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хос дорад. Ин аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 дар соҳаи энергетика як қатор рӯйдодҳои муҳим ба амал омаданд. Баистифодадиҳии хатти интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд” 31-уми марти соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд»-ро, ки ду кишвари Осиёи Марказиро мепайвандад, расман ба истифода доданд. Дар раванди татбиқи лоиҳаи CASA-1000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти зерин сохта шудаанд: — Хатти интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи «Датка» дар Ҷумҳурии Қирғизистон то зеристгоҳи «Суғд-500» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарозии тақрибан 480 км. — Хатти интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи «Регар-500» то зеристгоҳи конвертории «Сангтӯда» бо дарозии 115 км дар ҷануби Тоҷикистон. «Сангтӯда» на танҳо аввалин зеристгоҳи конвертерӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки бузургтарин истгоҳи конвертерӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. НБО «Себзор» Неругоҳи барқи обии «Себзор» 26-уми июни соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа мавриди истифода қарор дода шуд. Иншоот аз 3 агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он 11 мегаваттро ташкил медиҳад. Технологияи насбшуда дар НБО «Себзор» имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 миллион кВт/соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад. Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳ имкон фароҳам овард, ки дар ВМКБ истеҳсоли неруи барқ 25 фоиз зиёд ва эътимоднокию сатҳи таъминоти барқ беҳтар шавад. Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал» Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал» дар ноҳияи Рӯшон 26-уми июни соли равон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Зеристгоҳи барқии мазкур барои интиқоли 8 мегаватт неруи барқ ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз пешбинӣ шудааст. Дар он ду трансформатори иқтидори ҳар кадомаш 4 ҳазор киловолт-ампер насб гардидааст. Зеристгоҳ ба таври фосилавӣ аз шаҳри Хоруғ идора карда мешавад. 4 неругоҳи хурди барқи обӣ ва 2 офтобӣ Дар ин давра неругоҳҳои барқи обии хурди «Ёгед» (276 кВт, Дарвоз), «Равмед» (100 кВт), «Аҷирх» (50 кВт), «Миденчид» (25 кВт, ҳама дар Рӯшон), инчунин, неругоҳҳои барқи офтобии «Аличур» (2,8 МВт, батарея 1,4 МВт соат), «Гулзор» (450 кВт, батарея 220 кВт соат, ҳар ду дар Мурғоб) ба истифода дода шуданд. Неругоҳи барқи обии хурди «Ёгед» бо маблағи 4 миллиону 160 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Неруи барқи аз он тавлидшуда 121 хоҷагии деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвозро бо “неруи сабз” таъмин мекунад. Неругоҳҳои дигар дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ҷойгиранд. Неругоҳи «Равмед» 71 хоҷагии деҳаи дурдасти Равмедро дар ҳама фасли сол бо неруи барқ таъмин мекунад. Неругоҳи барқи обии «Аҷирх» барои бо барқ таъмин намудани 30 хоҷагии деҳаи Аҷирх пешбинӣ шудааст.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Масъалаҳои равобити геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи САSA-1000 имрӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар конференсия дар мавзуъҳои «Ҳамкории илмию фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA – 1000», «Осиёи Марказӣ дар низоми манфиатҳои геосиёсии лоиҳаи CASA – 1000», «Дурнамои таъмини амнияти нақлиётӣ ва энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ», «Ташаббусҳои энергетикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи CASA – 1000», Нақши лоиҳаи CASA – 1000 дар истиқлолияти энергетикии Осиёи Марказӣ», «Нақши лоиҳаи CASA – 1000 дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо маърузаҳо пешниҳод карда шуданд. Конференсия барои дар амал татбиқ намудани муносибатҳои геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 равона шуда, инчунин ба баланд бардоштани сатҳи малакаи дониши ҷомеа ва таҷрибаи касбии мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва энергетика мусоидат намуд. Зимни маъруза ва музокираҳо коршиносони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва олимону мутахассисон пешниҳодҳои мушаххаси худро атрофи масъалаҳои баррасишаванда иброз намуданд. Таъкид шуд, ки лоиҳаи CASA–1000 ҳамчун ташаббуси минтақавии энергетикӣ яке аз заминаҳои муҳими таҳкими ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ва Покистон мебошад. Ин лоиҳа на танҳо аҳамияти энергетикӣ, балки арзиши стратегии геосиёсӣ низ дорад. Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи CASA–1000 ҳамчун манбаи асосии неруи барқ муҳим буда, зарурати рушди инфрасохтори энергетикӣ, мукаммалсозии қонунгузорӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ бештар мегардад. Ҳамкории минтақавӣ дар доираи лоиҳаи CASA–1000 метавонад барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои минтақа заминаи устувор гузошта, ба паст гардидани шиддатҳои эҳтимолии геосиёсӣ мусоидат намояд. Таъкид шуд, ки бо вуҷуди монеаю масоили печида дар минтақа татбиқи лоиҳаи CASA–1000 мушкилоти энергетикии мамлакатҳоро то андозае бартараф менамояд. Он ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда, рушди саноату сармоягузории давлатҳои минтақаро беҳтар мегардонад.

Konferensiya_dar_mavzui_-Masoili_ravobiti_geosiyos-_va_geoi-tisod-
Далее Следующая запись:

7 сентябр ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иншооти бузурги энергетикии мамлакат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва имконоти неругоҳ шинос шуданд. ар ҷараёни сафар дар байни иштирокчиён дар мавриди иқтидори истеҳсолии неругоҳ, нақши он дар таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти стратегии он табодули афкор доир шуд. Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо хонум Ҷузеппина Принчи изҳор намуд, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дастоварди бузурги мардуми тоҷик буда, дар рушди иқтисодии мамлакат ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ метавонад саҳми назаррас гузорад.

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Сентябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  
« Авг   Окт »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram