Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

12 сентябр бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Варзиш қосиди сулҳ, дӯстӣ, солимӣ ва зебоӣ» Форуми шаҳрии варзишгарони пойтахт баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Меҳмонон бо намоиши дастовардҳои дастпарварони мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ва видеоролик аз ҷараёни баргузории чорабиниҳои байналмилалие, ки давоми соли 2025 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расидаанд, шинос шуданд. Дар фарҷом як зумра варзишгароне, ки дар чорабиниҳои варзишӣ ғолиб омада, соҳиби ҷоиза гардиданд, бо унвони варзишии номзад ба «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи консертии бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд. Дар оғоз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кулли сокинони пойтахт ва меҳмонон расонид. Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи мамлакати азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии ватандӯстӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони мамлакати озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 34 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллиро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар охир мушакпаронии зебое пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Istikloliyat
Далее Следующая запись:

Масъалаҳои равобити геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи САSA-1000 имрӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар конференсия дар мавзуъҳои «Ҳамкории илмию фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA – 1000», «Осиёи Марказӣ дар низоми манфиатҳои геосиёсии лоиҳаи CASA – 1000», «Дурнамои таъмини амнияти нақлиётӣ ва энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ», «Ташаббусҳои энергетикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи CASA – 1000», Нақши лоиҳаи CASA – 1000 дар истиқлолияти энергетикии Осиёи Марказӣ», «Нақши лоиҳаи CASA – 1000 дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо маърузаҳо пешниҳод карда шуданд. Конференсия барои дар амал татбиқ намудани муносибатҳои геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 равона шуда, инчунин ба баланд бардоштани сатҳи малакаи дониши ҷомеа ва таҷрибаи касбии мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва энергетика мусоидат намуд. Зимни маъруза ва музокираҳо коршиносони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва олимону мутахассисон пешниҳодҳои мушаххаси худро атрофи масъалаҳои баррасишаванда иброз намуданд. Таъкид шуд, ки лоиҳаи CASA–1000 ҳамчун ташаббуси минтақавии энергетикӣ яке аз заминаҳои муҳими таҳкими ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ва Покистон мебошад. Ин лоиҳа на танҳо аҳамияти энергетикӣ, балки арзиши стратегии геосиёсӣ низ дорад. Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи CASA–1000 ҳамчун манбаи асосии неруи барқ муҳим буда, зарурати рушди инфрасохтори энергетикӣ, мукаммалсозии қонунгузорӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ бештар мегардад. Ҳамкории минтақавӣ дар доираи лоиҳаи CASA–1000 метавонад барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои минтақа заминаи устувор гузошта, ба паст гардидани шиддатҳои эҳтимолии геосиёсӣ мусоидат намояд. Таъкид шуд, ки бо вуҷуди монеаю масоили печида дар минтақа татбиқи лоиҳаи CASA–1000 мушкилоти энергетикии мамлакатҳоро то андозае бартараф менамояд. Он ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда, рушди саноату сармоягузории давлатҳои минтақаро беҳтар мегардонад.

Konferensiya_dar_mavzui_-Masoili_ravobiti_geosiyos-_va_geoi-tisod-

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Сентябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  
« Авг   Окт »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram