9 сентябр, соати 19:00 дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор мегарданд. ар робита ба ин ҷашни бузурги миллӣ аз 5 то 9 сентябр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир карда мешаванд. Инчунин бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамарӯза ҳамоиш, суҳбат ва машваратҳо доир мегарданд. Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба барои таҷлили сазовору пуршукуҳи ин ҷашн дар шаҳри Душанбе тамоми нерую имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои мухталиф ва дигар бахшҳои идора, дар маҷмуъ аҳли ҷамоати пойтахт ба корҳои ободонию созандагӣ ва беҳдошти ҳолати экологию тозагии ҳар шаҳраку маҳалла ва пойтахт равона карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил карда мешавад. Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақил, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ аз шаҳрвандон масъулияти баланд талаб менамояд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Даҳаи сеюми моҳи сентябр тибқи дархости Ҷумҳурии Қазоқистон ва дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин давлат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон доир мегардад.Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида мешавад. Аз вилояти Хатлон ба намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ меваҳои тару тоза, хушкмева, сабзавот, тарбузу харбуза ва дигар маҳсулот пешниҳод карда мешаванд. Дар назар аст, ки дар намоиш-фурӯш ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ (қанду набот, ҳалво, кулчаҳо) дастранҷи худро пешниҳод намоянд. Ёдовар мешавем, ки 16–17 августи соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар намоиш беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуданд.Далее Следующая запись: Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи консертии бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд. Дар оғоз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кулли сокинони пойтахт ва меҳмонон расонид. Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи мамлакати азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии ватандӯстӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони мамлакати озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 34 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллиро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар охир мушакпаронии зебое пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.