Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Даҳаи сеюми моҳи сентябр тибқи дархости Ҷумҳурии Қазоқистон ва дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин давлат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон доир мегардад.Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида мешавад. Аз вилояти Хатлон ба намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ меваҳои тару тоза, хушкмева, сабзавот, тарбузу харбуза ва дигар маҳсулот пешниҳод карда мешаванд. Дар назар аст, ки дар намоиш-фурӯш ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ (қанду набот, ҳалво, кулчаҳо) дастранҷи худро пешниҳод намоянд. Ёдовар мешавем, ки 16–17 августи соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар намоиш беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуданд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Пагоҳ дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» доир мешавад. Озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гузаронида мешаванд. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро бори дигар ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни ҳамсарон ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят менамояд. Озмунҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ду давр баргузор карда шуданд. Дар даври ҷамъбастии озмунҳо беҳтаринҳо иштирок намуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд. «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои оила ва аъзои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, тақвияти заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст. Дар доираи ин барнома бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, мониторинг ва арзёбии амалисозии барномаҳои соҳаи кор бо занон ва оила баргузор мегардад.

Behtarin-hamsar
Далее Следующая запись:

9 сентябр, соати 19:00 дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор мегарданд. ар робита ба ин ҷашни бузурги миллӣ аз 5 то 9 сентябр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир карда мешаванд. Инчунин бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамарӯза ҳамоиш, суҳбат ва машваратҳо доир мегарданд. Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба барои таҷлили сазовору пуршукуҳи ин ҷашн дар шаҳри Душанбе тамоми нерую имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои мухталиф ва дигар бахшҳои идора, дар маҷмуъ аҳли ҷамоати пойтахт ба корҳои ободонию созандагӣ ва беҳдошти ҳолати экологию тозагии ҳар шаҳраку маҳалла ва пойтахт равона карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил карда мешавад. Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақил, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ аз шаҳрвандон масъулияти баланд талаб менамояд.

CHashn

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Сентябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  
« Авг   Окт »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram