Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе чун дар дигар муассисаҳои таълимии мамлакат Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Муассисаи таълимӣ дорои 37 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мусиқию хореаграфӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамчунин дар литсей ҳуҷраҳои озмоишгоҳ мавҷуданд, ки дар онҳо барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёнияти дарсӣ насб гардидааст. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода бо хонандагони муассиса вохӯрӣ намуда, иброз дошт, ки бо хониши хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун фарзандони содиқи давлату миллат ба воя бирасанд. Зеро Ҳукумати мамлакат барои насли наврас ва ҷавонон тамоми имконият ва шароити илмомӯзиро фароҳам намудааст. Иброз шуд, ки 1 сентябр танҳо оғози соли нави таҳсил нест, балки рамзи пайванди ду арзиши олӣ – дониш ва сулҳ мебошад. Ҳар қадаме, ки мо дар роҳи маърифат мегузорем, бояд ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва ободии Ватан равона гардад. Ёдовар мешавем, ки 20 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд. Тибқи лоиҳа, «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои 1440 хонанда дар ду баст бунёд шуда, аз 4 бинои ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат аст.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

«Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид. Барнома 28 август дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ карда шуда, тибқи он қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Барнома бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, таъмир ва сохтмони биноҳо, озмоишгоҳҳо ва устохонаҳои таълимӣ таҳия гардидааст. Ҳамчунин дар барнома бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, рақамикунонии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ пешбинӣ карда шудааст.

tahsiloti-kasbi
Далее Следующая запись:

Пагоҳ дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» доир мешавад. Озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гузаронида мешаванд. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро бори дигар ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни ҳамсарон ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят менамояд. Озмунҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ду давр баргузор карда шуданд. Дар даври ҷамъбастии озмунҳо беҳтаринҳо иштирок намуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд. «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои оила ва аъзои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, тақвияти заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст. Дар доираи ин барнома бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, мониторинг ва арзёбии амалисозии барномаҳои соҳаи кор бо занон ва оила баргузор мегардад.

Behtarin-hamsar

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Сентябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  
« Авг   Окт »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram