«Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид. Барнома 28 август дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ карда шуда, тибқи он қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Барнома бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, таъмир ва сохтмони биноҳо, озмоишгоҳҳо ва устохонаҳои таълимӣ таҳия гардидааст. Ҳамчунин дар барнома бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, рақамикунонии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ пешбинӣ карда шудааст. Навигация записи Назад Предыдущая запись: ар шаҳри Душанбе даври сеюми (шаҳрии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Барои ғолибон аз даври сеюм тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе 2 781 750 (ду миллиону ҳафт саду ҳаштоду як ҳазору ҳафт саду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо гардид. Ғолибони ҷойи якум бо 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм бо 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, 54 нафар омӯзгорон- ҳар кадом бо 13 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин нафароне, ки дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ саҳм гузоштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар даври сеюми озмун 412 довталаб сабқат намуда, аз рӯйи 4 номинатсия дар умум 90 нафар ғолиб гардид. Аз ин шумора 54 нафарро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 18 нафарро омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кору гуногун ташкил медиҳанд.Далее Следующая запись: Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе чун дар дигар муассисаҳои таълимии мамлакат Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Муассисаи таълимӣ дорои 37 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мусиқию хореаграфӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамчунин дар литсей ҳуҷраҳои озмоишгоҳ мавҷуданд, ки дар онҳо барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёнияти дарсӣ насб гардидааст. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода бо хонандагони муассиса вохӯрӣ намуда, иброз дошт, ки бо хониши хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун фарзандони содиқи давлату миллат ба воя бирасанд. Зеро Ҳукумати мамлакат барои насли наврас ва ҷавонон тамоми имконият ва шароити илмомӯзиро фароҳам намудааст. Иброз шуд, ки 1 сентябр танҳо оғози соли нави таҳсил нест, балки рамзи пайванди ду арзиши олӣ – дониш ва сулҳ мебошад. Ҳар қадаме, ки мо дар роҳи маърифат мегузорем, бояд ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва ободии Ватан равона гардад. Ёдовар мешавем, ки 20 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд. Тибқи лоиҳа, «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои 1440 хонанда дар ду баст бунёд шуда, аз 4 бинои ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат аст.