Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

ар шаҳри Душанбе даври сеюми (шаҳрии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Барои ғолибон аз даври сеюм тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе 2 781 750 (ду миллиону ҳафт саду ҳаштоду як ҳазору ҳафт саду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо гардид. Ғолибони ҷойи якум бо 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм бо 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, 54 нафар омӯзгорон- ҳар кадом бо 13 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин нафароне, ки дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ саҳм гузоштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар даври сеюми озмун 412 довталаб сабқат намуда, аз рӯйи 4 номинатсия дар умум 90 нафар ғолиб гардид. Аз ин шумора 54 нафарро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 18 нафарро омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кору гуногун ташкил медиҳанд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст….Бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то оғози соли хониши 2025-2026 таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Дар ин давра истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба беш аз 1,9 миллион дона расонида шуда, суръати афзоиш 101,5 фоиз таъмин гардид. Тавре сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмал Шарифзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, иҷрои нақшаи истеҳсолӣ барои солҳои хониши 2025-2026, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3,39 миллион дона муайян гардида буд, дар 7 моҳи соли равон 55 фоиз иҷро гардид. Иҷрои нақша, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ба 58 фоиз, Суғд- 57 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 95 фоиз, шаҳри Душанбе- 42 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи марказ ба 35,5 фоиз баробар гардидааст. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ дар 137 корхонаи дӯзандагӣ либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст, ки 59 адади он ба вилояти Суғд, 48 адад ба Хатлон, 18 корхона ба навоҳии тобеи марказ, 9 корхона ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва се корхона ба шаҳри Душанбе рост меояд. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Лахш, Нуробод, Роғун ва Сангвор либосҳои мактабӣ истеҳсол карда нашудаанд. Сатҳи таъмини либоси мактабӣ дар ҷумҳурӣ дар 7 моҳи соли равон ба 26,1 фоиз баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 6,1 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ин омор дар вилояти Суғд ба 32,3 фоиз, Хатлон- 30,8 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 14,2 фоиз, шаҳри Душанбе- 14,9 фоиз ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба 10,3 фоиз баробар гардид. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки матоъҳое, ки барои омода намудани либосҳои мактабӣ истифода карда мешаванд, истеҳсоли давлатҳои Чин ва Туркия мебошанд.

Libosi-maktabi
Далее Следующая запись:

«Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид. Барнома 28 август дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ карда шуда, тибқи он қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Барнома бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, таъмир ва сохтмони биноҳо, озмоишгоҳҳо ва устохонаҳои таълимӣ таҳия гардидааст. Ҳамчунин дар барнома бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, рақамикунонии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ пешбинӣ карда шудааст.

tahsiloti-kasbi

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Август 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
« Июл   Сен »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram