Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст….Бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то оғози соли хониши 2025-2026 таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Дар ин давра истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба беш аз 1,9 миллион дона расонида шуда, суръати афзоиш 101,5 фоиз таъмин гардид. Тавре сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмал Шарифзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, иҷрои нақшаи истеҳсолӣ барои солҳои хониши 2025-2026, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3,39 миллион дона муайян гардида буд, дар 7 моҳи соли равон 55 фоиз иҷро гардид. Иҷрои нақша, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ба 58 фоиз, Суғд- 57 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 95 фоиз, шаҳри Душанбе- 42 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи марказ ба 35,5 фоиз баробар гардидааст. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ дар 137 корхонаи дӯзандагӣ либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст, ки 59 адади он ба вилояти Суғд, 48 адад ба Хатлон, 18 корхона ба навоҳии тобеи марказ, 9 корхона ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва се корхона ба шаҳри Душанбе рост меояд. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Лахш, Нуробод, Роғун ва Сангвор либосҳои мактабӣ истеҳсол карда нашудаанд. Сатҳи таъмини либоси мактабӣ дар ҷумҳурӣ дар 7 моҳи соли равон ба 26,1 фоиз баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 6,1 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ин омор дар вилояти Суғд ба 32,3 фоиз, Хатлон- 30,8 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 14,2 фоиз, шаҳри Душанбе- 14,9 фоиз ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба 10,3 фоиз баробар гардид. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки матоъҳое, ки барои омода намудани либосҳои мактабӣ истифода карда мешаванд, истеҳсоли давлатҳои Чин ва Туркия мебошанд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти энергетикӣ бо вуҷуди мавҷуд будани баъзе мушкилот ба таври самаранок амалӣ мегардад. Вале татбиқи пурраи он танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки тамоми ниҳодҳои дахлдор ва ҷомеа масъулиятшиносӣ нишон дода, дар риояи қонунгузорӣ саҳм гузоранд. Ин матлаб зимни ҷаласаи гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар шаҳри Кӯлоб баён гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад, ҳадафи баргузории ҷаласа татбиқи самараноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва фаҳмондани муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Муовини Сарвазири Тоҷикистон иброз намуд, ки танзими дурусти истифодаи неруи барқ танҳо вазифаи мақомоти энергетикӣ нест. Барои ин ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахшҳои молиявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст, то назорат, ҳисоббаробаркунӣ ва масъулияти истифодабарандагон таъмин гардад.Далее Следующая запись: ар шаҳри Душанбе даври сеюми (шаҳрии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Барои ғолибон аз даври сеюм тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе 2 781 750 (ду миллиону ҳафт саду ҳаштоду як ҳазору ҳафт саду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо гардид. Ғолибони ҷойи якум бо 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм бо 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, 54 нафар омӯзгорон- ҳар кадом бо 13 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин нафароне, ки дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ саҳм гузоштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар даври сеюми озмун 412 довталаб сабқат намуда, аз рӯйи 4 номинатсия дар умум 90 нафар ғолиб гардид. Аз ин шумора 54 нафарро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 18 нафарро омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кору гуногун ташкил медиҳанд.