Дар Бадахшон 25 муассисаи томактабӣ ба истифода дода мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 25 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус 16 август зимни ҷаласаи кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол дар вилоят 26 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои зиёда аз 1700 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҷаласа гуфта шуд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳилаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Тоҷикистон ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа доир ба рушди инфрасохтори таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омодагӣ ба соли нави таҳсил мубодилаи афкор карда шуд. Дар айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 313 муассисаи таҳсилоти мумӣ фаъолият менамояд. Инҳо 202 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 1 мактаби президентӣ, 1 литсей ва 1 Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 42 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис дода шуд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис додааст, ки ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллӣ дар ин самт ва мусоидат ба иҷрои самараноки «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040»-ро ба уҳда дорад. Дар доираи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи зеҳни сунъӣ ҷиҳати рушди устувори мамлакат ва минтақаи Осиёи Марказӣ иқдом менамояд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ нақши калидӣ мебозад. Бо ҷонибдории қатъномаи ахири Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ин самт ҳамкории кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, инчунин рушди зеҳни сунъӣ дар бахшҳои муҳими иқтисод, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, савдо ва молияро фаро мегирад. Ин ҳуҷҷат зарурати риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои таъмини ояндаи рақамии бехатар, фарогир ва кушодро таъкид менамояд. Қисмати муҳими ин ташаббус таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Марказ ба мубодилаи дониш, омодасозии мутахассисон, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва таъсиси механизмҳои худтанзимкунӣ барои таъмини амният ва эътимоднокии низомҳои зеҳни сунъӣ мусоидат менамояд. Агентӣ ҳамзамон лоиҳаҳои фарогири рақамисозиро амалӣ менамояд, ки ба бартарафсозии нобаробариҳои инфрасохторӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва рушди ҳамкории бахшҳои давлативу хусусӣ равона гардидаанд. Ин тадбирҳо ба ташаккули экосистемаи мусоиди воридсозии ҳалли инноватсионӣ ва суръатбахшии табдили рақамии Тоҷикистон ва минтақа мусоидат менамоянд.Далее Следующая запись: МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Оё фарзанди шумо барои ба мактаб рафтан омода аст? Ба оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор мондааст. Волидайн дар ин давра барои фарзандон шароит муҳайё мекунанд, яъне либосҳои мактабӣ, лавозимоти хониш ва дигар ашёи таълимиро, ки барои фарзандон зарур ҳастанд, мехаранд. Аммо баъзе наврасоне ҳастанд, ки аз рафти донишомӯзӣ саркашӣ менамоянд ва ба омӯзиш ҳавасманд намешаванд. Махсусан, чунин мушкилӣ дар байни хонандагони синфи якум ба назар мерасад. Дар ин ҳолат волидон бояд чӣ кор кунанд? Омоданамоии фарзанд ба мактаб ва таҳсил Коршиносон тавсия медиҳанд, ки волидайн пеш аз он ки фарзанди худро ба синфи якум гузоранд, бояд ӯро барои рафтан ба мактаб омода намоянд. Волидайн уҳдадоранд, ки пеш аз ба мактаб равон намудани фарзанд аввал меҳри китоб ва мактабро дар дили кӯдак ҷой намуда, сипас қоидаҳои махсусро омӯзонанд. Яъне ҳар шахс ба фарзанди худ бояд аввал ному насабаш, номи падару модар, суроғаи хона, номи шахсони наздик, рақами телефони волидайн, маҳалла ва кӯчаеро, ки дар он зиндагӣ мекунад, омӯзонад. Ба тавсияи равоншиносон, алоқамандӣ байни оила ва мактаб дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Мушкилии дигар- ин риояи реҷаи рӯз аст, ки кӯдак ба муҳити нав- муҳити омӯзиш дохил мешавад. Мушкилии дигар фаъолияту супоришҳо мебошанд, зеро қаблан дар хона фаъолияти асосии кӯдакон танҳо бозӣ буд, ҳоло кӯдак бояд машғулияту супоришҳоро иҷро намояд ва вақти пурсидан онҳоро ба ёд оварда, ҷавоб диҳад. Равоншиносон иброз медоранд, ки таъкидҳои пай дар пайи волидон метавонад стресс (асабоният) ва ҳаяҷони кӯдакро бештар гардонида, дар қалби кӯчакаш ҳисси тарсу ҳаросро бедор намоянд. Ҳамаи ин боис мегардад, ки кӯдак дилхунук шуда, дигар ба мактаб рафтан намехоҳад. Волидон бояд кӯшиш намоянд, ки бо шӯхию бозӣ ва дилхушӣ кӯдакро ба мактаб омода созанд. Шумо бояд ба фарзанди худ фаҳмонед, ки ӯ дар мактаб хондану навиштанро ба зудӣ меомӯзад ва албатта, дӯстони зиёде пайдо карда, бо онҳо вақташ хуш мегузарад. Ҳамин тавр кӯдак оҳиста-оҳиста ба тарзи нави ҳаёт ва муҳити мактабӣ одат карда, асабоният ва ҳаяҷонаш бартараф мегардад. Чаро бештари наврасон аз омӯзиш саркашӣ менамоянд? Ба иттилои равоншиносон, дар ҷараёни таълим бархе кӯдакони синфи якум аз мактаб дилгир ва шавқи хонданашон кам мешавад, дар вақти дарс бетоқат мешаванд, бо ҳамсабақон муоширати хуб надоранд, дарсро намефаҳманд, аммо хомӯш мемонанд ва аз навиштани дуру дароз хаста мешаванд. Дар ин ҳолат шумо бояд фарзанди худро дастгирӣ кунед. Барои хурдтарин комёбӣ кӯдакро ситоиш ва дар назди дигарон таъриф кунед. Ситоиш ва боварии волидон ба кӯдак илҳом мебахшад ва кӯшиш мекунад, ки минбаъд муваффақтар гардад. Ҳаргиз кӯдакро барои нокомиаш сарзаниш накунед. Чунин рафтори волидон кӯдакро дилшикаста месозад. Тавре муҳандис, ихтироъкор ва соҳибкори машҳури амрикоӣ Томас Алва Эдисон гуфта буд, «сухани модарам маро аз аҳмақӣ то ба нобиғагӣ расонид. Яъне, муаллима ба модарам хатчае равон намуд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Кӯдаки шумо аҳмақ аст. Аз фардо ӯро ба мактаб роҳ намедиҳем». Аммо модарам ба ман он хатчаро ба чунин тарз хонда буд: «Фарзанди шумо нобиға аст ва ин мактаб барои ӯ кофӣ нест. Омӯзиши ӯро худ ба уҳда гиред». Оё омӯзгор метавонад хонандаи сустхонро аълохон намояд? Равоншиносон тавсия медиҳанд, ки дар илми омӯзгорӣ-педагогӣ равишҳое низ ҳастанд, ки бо истифода аз онҳо ба кӯдакони сустхон ва ё лаёқаташон суст низ хондану навиштанро омӯзонидан мумкин аст. Аввал бо шогирдони сустхон хушмуомила, хушгуфтору хушрафтор будан зарур аст. Омӯзгорони синфҳои ибтидоиро зарур аст, ки дар ҷараёни дарсҳо воситаю усулҳои нави таълим ва бозиҳоро истифода баранд. Ин гуна бозиҳо ба хонандагони лаёқаташон суст бештар кумак мерасонанд ва албатта, натиҷаи хуб ҳам медиҳанд. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки вазифаи муҳимтарини муносибати инфиродӣ бо хонандагон муҳайё сохтани имконият барои бачаҳо дар такмили фаъолияташон мебошад. Дар вуҷуди ҳар кӯдак қобилияти инфиродие мавҷуд аст, ки онҳоро бояд инкишоф дод ва минбаъд онҳо метавонанд ба тарафҳои пурқуввати хонанда табдил ёбанд. Ба воситаи дарс омӯзгор имконият пайдо мекунад, ки ҳам ба ақл ва ҳам ба тафаккури хонанда таъсир расонад, қувваю қобилияти ҷисмонию маънавии ӯро инкишоф диҳад, ба хонанда маҳорату малакаҳои мустақилона азхуд кардани дониш ва истифода бурдани онро ёд диҳад, барои инкишофи ҳаматарафаи ӯ таҳкурсии мустаҳкам ва қавӣ гузорад. Дар мактаб мақоми бузург ва нақши марказиро устод- муаллим ишғол менамояд. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳз маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад.