Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис дода шуд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис додааст, ки ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллӣ дар ин самт ва мусоидат ба иҷрои самараноки «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040»-ро ба уҳда дорад. Дар доираи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи зеҳни сунъӣ ҷиҳати рушди устувори мамлакат ва минтақаи Осиёи Марказӣ иқдом менамояд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ нақши калидӣ мебозад. Бо ҷонибдории қатъномаи ахири Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ин самт ҳамкории кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, инчунин рушди зеҳни сунъӣ дар бахшҳои муҳими иқтисод, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, савдо ва молияро фаро мегирад. Ин ҳуҷҷат зарурати риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои таъмини ояндаи рақамии бехатар, фарогир ва кушодро таъкид менамояд. Қисмати муҳими ин ташаббус таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Марказ ба мубодилаи дониш, омодасозии мутахассисон, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва таъсиси механизмҳои худтанзимкунӣ барои таъмини амният ва эътимоднокии низомҳои зеҳни сунъӣ мусоидат менамояд. Агентӣ ҳамзамон лоиҳаҳои фарогири рақамисозиро амалӣ менамояд, ки ба бартарафсозии нобаробариҳои инфрасохторӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва рушди ҳамкории бахшҳои давлативу хусусӣ равона гардидаанд. Ин тадбирҳо ба ташаккули экосистемаи мусоиди воридсозии ҳалли инноватсионӣ ва суръатбахшии табдили рақамии Тоҷикистон ва минтақа мусоидат менамоянд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Мақомоти шаҳри Душанбе шартномаи хариди 30 электробусро ба имзо расонид. Имрӯз байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе ва ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастрӣ» шартномаи хариди 30 электробуси навбатӣ ба имзо расонида шуд. Ба иттилои манбаъ, электробусҳои истеҳсоли ватанӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва сардкунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст доранд ва ғунҷоиши умумӣ дар он 100 мусофирро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад.

Elektrobus
Далее Следующая запись:

Дар Бадахшон 25 муассисаи томактабӣ ба истифода дода мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 25 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус 16 август зимни ҷаласаи кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол дар вилоят 26 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои зиёда аз 1700 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҷаласа гуфта шуд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳилаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Тоҷикистон ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа доир ба рушди инфрасохтори таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омодагӣ ба соли нави таҳсил мубодилаи афкор карда шуд. Дар айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 313 муассисаи таҳсилоти мумӣ фаъолият менамояд. Инҳо 202 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 1 мактаби президентӣ, 1 литсей ва 1 Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 42 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд.

kudakiston

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Август 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
« Июл   Сен »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram