Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

ОҒОЗИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 11 август дар Донишгоҳи давлатии Данғара даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иброз дошт, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як марҳалаи муҳимми маърифатӣ ва фарҳангӣ барои ҷомеаи кишвар буда, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмун нишонаи равшани ғамхорӣ ба маърифатнокӣ ва завқи китобхонии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон аст. Таъкид гардид, ки тамоми шароит барои баргузории саривақтӣ ва сатҳи баланди озмун фароҳам оварда шуда, назорати ҷараёни он аз ҷониби мақомоти марбута таъмин мегардад. Ҳамзамон аз рӯйи чор номинатсия доир шудани озмун ва ҷалби тоҷикони бурунмарзӣ як падидаи тоза ва шоёни таҳсин буда, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои дахлдор тартиби иштирок тариқи маҷозиро барои ҳамдиёрони бурунмарзӣ таҳия ва мувофиқа кардаанд. Барои онҳо комиссияи алоҳида ташкил гардида, имкон фароҳам аст, ки дар шакли онлайн иштирок кунанд. Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими ҳувияти миллӣ, забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар миёни ҳамватанони берун аз кишвар мебошад. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда озмун аз 11 то 20 августи соли ҷорӣ давом мекунад. Дар фарҷоми маросими ифтитоҳ муовини раиси вилоят бори дигар таъкид намуд, ки баргузории озмуни мазкур дар шароити муосир як амри зарурӣ буда, иштироки фаъолонаи хонандагону омӯзгорон ва тамоми қишрҳои ҷомеа дар озмун нишон медиҳад, ки миллат ба китоб ва дониш эҳтироми хоса дорад.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 3,5 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба таври ғайринақдӣ анҷом дода шуд. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути POS – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 3,5 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ гузаронида шудааст. Дар айни замон дар фаъолияти 37 ҳазору 100 субъекти соҳибкорӣ дастгоҳҳои назоратӣ- хазинавии насли нав ба таври ройгон насб гардидаанд. 33 ҳазору 700 дастгоҳ дар як вақт вазифаи POS-терминалро низ иҷро мекунанд. Ва онҳо имкон доранд ҳисоббаробаркуниҳоро бо шаҳрвандону соҳибкорон оид ба хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ва воситаҳои электронии пардохтӣ, пеш аз ҳама, ба афзоиши гардиши пулӣ тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ, зиёд намудани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ, коҳишёбии сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, таъмини самаранокии рушди маъмурикунонии андоз, дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ ва баланд бардоштани маданияти андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон мусоидат менамояд. «Мақомоти андоз бо мақсади таъмини рақамикунонии соҳа ва дар ин замина содаю шаффоф гардонидани низоми андозбандӣ ва ҷараёни андозсупорӣ аз имконияти техникии дохилиидоравӣ бештар истифода мебарад. Дар маҷмуъ, номгӯйи модулҳои барномаи компютерӣ ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз давра ба давра васеъ карда шуда, тавассути онҳо барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон то инҷониб 45 хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки ташкили чунин хизматрасонӣ ба содаю мувофиқ намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии онҳо мусоидат менамояд».

pardohti-gajrinakdi-1
Далее Следующая запись:

Мақомоти шаҳри Душанбе шартномаи хариди 30 электробусро ба имзо расонид. Имрӯз байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе ва ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастрӣ» шартномаи хариди 30 электробуси навбатӣ ба имзо расонида шуд. Ба иттилои манбаъ, электробусҳои истеҳсоли ватанӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва сардкунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст доранд ва ғунҷоиши умумӣ дар он 100 мусофирро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад.

Elektrobus

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Август 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
« Июл   Сен »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram