Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Дар Душанбе оид ба омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ брифинг доир шуд. 7 август дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 16 то 18 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, брифинг доир карда шуд. Дар ҳамоиш ба масъулини корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон оид ба ҷараёни омодагӣ ба форуми қарибулвуқуъ, масъалаҳои марбут ба корҳои тадорукотӣ, барномаи чорабинӣ ва ҷузъиёти логистикӣ маълумоти муфассал манзур гардид. Ёдовар мешавем, ки форум бо мақсади ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба соҳаи сайёҳии мамлакат, густариши ҳамкории байналмилалӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сайёҳӣ гузаронида мешавад. Чорабинӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои дахлдор баргузор гардида, барои таҳкими робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

ар шашмоҳаи якуми соли равон гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 731 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7,2 фоиз ё 316,9 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ содирот ба 955,3 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4,3 фоиз ё 42,5 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Омили асосии он кам шудани содироти металлҳои қиматбаҳо ба ҳисоб меравад. Воридоти мол дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиарду 775,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,5 фоиз зиёд гардидааст. Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли равон аз 82 адад иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 45,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Далее Следующая запись:

ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 3,5 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба таври ғайринақдӣ анҷом дода шуд. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути POS – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 3,5 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ гузаронида шудааст. Дар айни замон дар фаъолияти 37 ҳазору 100 субъекти соҳибкорӣ дастгоҳҳои назоратӣ- хазинавии насли нав ба таври ройгон насб гардидаанд. 33 ҳазору 700 дастгоҳ дар як вақт вазифаи POS-терминалро низ иҷро мекунанд. Ва онҳо имкон доранд ҳисоббаробаркуниҳоро бо шаҳрвандону соҳибкорон оид ба хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ва воситаҳои электронии пардохтӣ, пеш аз ҳама, ба афзоиши гардиши пулӣ тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ, зиёд намудани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ, коҳишёбии сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, таъмини самаранокии рушди маъмурикунонии андоз, дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ ва баланд бардоштани маданияти андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон мусоидат менамояд. «Мақомоти андоз бо мақсади таъмини рақамикунонии соҳа ва дар ин замина содаю шаффоф гардонидани низоми андозбандӣ ва ҷараёни андозсупорӣ аз имконияти техникии дохилиидоравӣ бештар истифода мебарад. Дар маҷмуъ, номгӯйи модулҳои барномаи компютерӣ ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз давра ба давра васеъ карда шуда, тавассути онҳо барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон то инҷониб 45 хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки ташкили чунин хизматрасонӣ ба содаю мувофиқ намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии онҳо мусоидат менамояд».

pardohti-gajrinakdi-1

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Август 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
« Июл   Сен »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram