ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 3,5 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба таври ғайринақдӣ анҷом дода шуд. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути POS – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 3,5 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ гузаронида шудааст. Дар айни замон дар фаъолияти 37 ҳазору 100 субъекти соҳибкорӣ дастгоҳҳои назоратӣ- хазинавии насли нав ба таври ройгон насб гардидаанд. 33 ҳазору 700 дастгоҳ дар як вақт вазифаи POS-терминалро низ иҷро мекунанд. Ва онҳо имкон доранд ҳисоббаробаркуниҳоро бо шаҳрвандону соҳибкорон оид ба хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ва воситаҳои электронии пардохтӣ, пеш аз ҳама, ба афзоиши гардиши пулӣ тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ, зиёд намудани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ, коҳишёбии сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, таъмини самаранокии рушди маъмурикунонии андоз, дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ ва баланд бардоштани маданияти андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон мусоидат менамояд. «Мақомоти андоз бо мақсади таъмини рақамикунонии соҳа ва дар ин замина содаю шаффоф гардонидани низоми андозбандӣ ва ҷараёни андозсупорӣ аз имконияти техникии дохилиидоравӣ бештар истифода мебарад. Дар маҷмуъ, номгӯйи модулҳои барномаи компютерӣ ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз давра ба давра васеъ карда шуда, тавассути онҳо барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон то инҷониб 45 хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки ташкили чунин хизматрасонӣ ба содаю мувофиқ намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии онҳо мусоидат менамояд». 0
Дар Душанбе оид ба омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ брифинг доир шуд. 7 август дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 16 то 18 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, брифинг доир карда шуд. Дар ҳамоиш ба масъулини корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон оид ба ҷараёни омодагӣ ба форуми қарибулвуқуъ, масъалаҳои марбут ба корҳои тадорукотӣ, барномаи чорабинӣ ва ҷузъиёти логистикӣ маълумоти муфассал манзур гардид. Ёдовар мешавем, ки форум бо мақсади ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба соҳаи сайёҳии мамлакат, густариши ҳамкории байналмилалӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сайёҳӣ гузаронида мешавад. Чорабинӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои дахлдор баргузор гардида, барои таҳкими робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. 0