ар шашмоҳаи якуми соли равон гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 731 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7,2 фоиз ё 316,9 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ содирот ба 955,3 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4,3 фоиз ё 42,5 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Омили асосии он кам шудани содироти металлҳои қиматбаҳо ба ҳисоб меравад. Воридоти мол дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиарду 775,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,5 фоиз зиёд гардидааст. Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли равон аз 82 адад иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 45,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Навигация записи Назад Предыдущая запись: ар шашмоҳаи якуми соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 218 корхонаи нави саноатӣ бо 3429 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 29 617 миллион сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 24 фоизро ташкил дод. Иттилоъ дода шуд, ки рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 1,7 маротиба афзудани саноати истихроҷ, 5 фоиз саноати коркард, 13,2 фоиз соҳаи таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 15,9 фоиз соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа таъмин гардидааст. Дар моҳҳои январ-июни соли равон ҳаҷми умумии гардиши савдо 33 миллиарду 313 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 9 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 8,1 фоизро савдои чакана, таъмири автомобилҳо ва мототсиклҳо ташкил намудааст.Далее Следующая запись: Дар Душанбе оид ба омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ брифинг доир шуд. 7 август дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 16 то 18 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, брифинг доир карда шуд. Дар ҳамоиш ба масъулини корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон оид ба ҷараёни омодагӣ ба форуми қарибулвуқуъ, масъалаҳои марбут ба корҳои тадорукотӣ, барномаи чорабинӣ ва ҷузъиёти логистикӣ маълумоти муфассал манзур гардид. Ёдовар мешавем, ки форум бо мақсади ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба соҳаи сайёҳии мамлакат, густариши ҳамкории байналмилалӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сайёҳӣ гузаронида мешавад. Чорабинӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои дахлдор баргузор гардида, барои таҳкими робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.