Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Аз ҷониби ташкилоти молиявию қарзии вилояти Хатлон дар шашмоҳаи якуми соли равон ба иқтисодиёти вилоят 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо карда шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 638,7 миллион сомонӣ ё 128 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд. Қарзҳо ба самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ равона шуда, саҳми назарраси онҳо дар таъмин намудани фаъолияти соҳаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мушоҳида мегардад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳо ба соҳаи кишоварзӣ 684,1 миллион сомонӣ, саноат- 111,2 миллион сомонӣ, сохтмон- 77,3 миллион сомонӣ, нақлиёт- 10,9 миллион сомонӣ, хӯроки ҷамъиятӣ- 4 миллион сомонӣ, хизматрасонӣ- 208,4 миллион сомонӣ, савдои хориҷӣ- 292,9 миллион сомонӣ ва ба қарзҳои истеъмолӣ 1 миллиарду 493,7 миллион сомонӣ рост меояд. Бо назардошти афзалият додан ба маблағгузории бахшҳои воқеии иқтисодиёт, махсусан кишоварзӣ ва соҳаҳои истеҳсолот интизор меравад, ки ин раванд ба таъсиси ҷойи нави кор, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии вилоят мусоидат намояд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Кӯлоб: Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 382 миллион сомонӣ расид. Дар шашмоҳаи якуми соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб 382 миллиону 679,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 26 миллиону 409,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иттилоъ дод. Бахтиёр Назарзода иброз намуд, ки дар ин давра дар 2860 гектар, аз ҷумла бори нахуст дар 130 гектар кишти зериплёнкагии пунбадона гузаронида шуд. Ҳоло нашъунамои ниҳолҳо хуб мебошад. Тибқи нақша дар 1330 гектар бояд кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шавад. То 15 июл дар 1172 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки ба 88,1 фоизи нақша баробар мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон 16,3 километр заҳбуру заҳкаш ва 52,7 километр шабакаҳои обдиҳӣ тоза карда шуданд. Ин имкон дод, ки ҳолати мелиоративии 64 гектар замин беҳтар карда шавад.

Bahtiyor-Nazarzoda
Далее Следующая запись:

ар шашмоҳаи якуми соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 218 корхонаи нави саноатӣ бо 3429 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 29 617 миллион сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 24 фоизро ташкил дод. Иттилоъ дода шуд, ки рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 1,7 маротиба афзудани саноати истихроҷ, 5 фоиз саноати коркард, 13,2 фоиз соҳаи таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 15,9 фоиз соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа таъмин гардидааст. Дар моҳҳои январ-июни соли равон ҳаҷми умумии гардиши савдо 33 миллиарду 313 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 9 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 8,1 фоизро савдои чакана, таъмири автомобилҳо ва мототсиклҳо ташкил намудааст.

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Август 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
« Июл   Сен »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram