«Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид. Барнома 28 август дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ карда шуда, тибқи он қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Барнома бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, таъмир ва сохтмони биноҳо, озмоишгоҳҳо ва устохонаҳои таълимӣ таҳия гардидааст. Ҳамчунин дар барнома бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, рақамикунонии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ пешбинӣ карда шудааст. 0
ар шаҳри Душанбе даври сеюми (шаҳрии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Барои ғолибон аз даври сеюм тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе 2 781 750 (ду миллиону ҳафт саду ҳаштоду як ҳазору ҳафт саду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо гардид. Ғолибони ҷойи якум бо 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм бо 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, 54 нафар омӯзгорон- ҳар кадом бо 13 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин нафароне, ки дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ саҳм гузоштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар даври сеюми озмун 412 довталаб сабқат намуда, аз рӯйи 4 номинатсия дар умум 90 нафар ғолиб гардид. Аз ин шумора 54 нафарро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 18 нафарро омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кору гуногун ташкил медиҳанд. 0
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст….Бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то оғози соли хониши 2025-2026 таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Дар ин давра истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба беш аз 1,9 миллион дона расонида шуда, суръати афзоиш 101,5 фоиз таъмин гардид. Тавре сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмал Шарифзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, иҷрои нақшаи истеҳсолӣ барои солҳои хониши 2025-2026, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3,39 миллион дона муайян гардида буд, дар 7 моҳи соли равон 55 фоиз иҷро гардид. Иҷрои нақша, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ба 58 фоиз, Суғд- 57 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 95 фоиз, шаҳри Душанбе- 42 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи марказ ба 35,5 фоиз баробар гардидааст. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ дар 137 корхонаи дӯзандагӣ либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст, ки 59 адади он ба вилояти Суғд, 48 адад ба Хатлон, 18 корхона ба навоҳии тобеи марказ, 9 корхона ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва се корхона ба шаҳри Душанбе рост меояд. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Лахш, Нуробод, Роғун ва Сангвор либосҳои мактабӣ истеҳсол карда нашудаанд. Сатҳи таъмини либоси мактабӣ дар ҷумҳурӣ дар 7 моҳи соли равон ба 26,1 фоиз баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 6,1 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ин омор дар вилояти Суғд ба 32,3 фоиз, Хатлон- 30,8 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 14,2 фоиз, шаҳри Душанбе- 14,9 фоиз ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба 10,3 фоиз баробар гардид. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки матоъҳое, ки барои омода намудани либосҳои мактабӣ истифода карда мешаванд, истеҳсоли давлатҳои Чин ва Туркия мебошанд. 0
Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти энергетикӣ бо вуҷуди мавҷуд будани баъзе мушкилот ба таври самаранок амалӣ мегардад. Вале татбиқи пурраи он танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки тамоми ниҳодҳои дахлдор ва ҷомеа масъулиятшиносӣ нишон дода, дар риояи қонунгузорӣ саҳм гузоранд. Ин матлаб зимни ҷаласаи гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар шаҳри Кӯлоб баён гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад, ҳадафи баргузории ҷаласа татбиқи самараноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва фаҳмондани муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Муовини Сарвазири Тоҷикистон иброз намуд, ки танзими дурусти истифодаи неруи барқ танҳо вазифаи мақомоти энергетикӣ нест. Барои ин ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахшҳои молиявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст, то назорат, ҳисоббаробаркунӣ ва масъулияти истифодабарандагон таъмин гардад. 0
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Оё фарзанди шумо барои ба мактаб рафтан омода аст? Ба оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор мондааст. Волидайн дар ин давра барои фарзандон шароит муҳайё мекунанд, яъне либосҳои мактабӣ, лавозимоти хониш ва дигар ашёи таълимиро, ки барои фарзандон зарур ҳастанд, мехаранд. Аммо баъзе наврасоне ҳастанд, ки аз рафти донишомӯзӣ саркашӣ менамоянд ва ба омӯзиш ҳавасманд намешаванд. Махсусан, чунин мушкилӣ дар байни хонандагони синфи якум ба назар мерасад. Дар ин ҳолат волидон бояд чӣ кор кунанд? Омоданамоии фарзанд ба мактаб ва таҳсил Коршиносон тавсия медиҳанд, ки волидайн пеш аз он ки фарзанди худро ба синфи якум гузоранд, бояд ӯро барои рафтан ба мактаб омода намоянд. Волидайн уҳдадоранд, ки пеш аз ба мактаб равон намудани фарзанд аввал меҳри китоб ва мактабро дар дили кӯдак ҷой намуда, сипас қоидаҳои махсусро омӯзонанд. Яъне ҳар шахс ба фарзанди худ бояд аввал ному насабаш, номи падару модар, суроғаи хона, номи шахсони наздик, рақами телефони волидайн, маҳалла ва кӯчаеро, ки дар он зиндагӣ мекунад, омӯзонад. Ба тавсияи равоншиносон, алоқамандӣ байни оила ва мактаб дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Мушкилии дигар- ин риояи реҷаи рӯз аст, ки кӯдак ба муҳити нав- муҳити омӯзиш дохил мешавад. Мушкилии дигар фаъолияту супоришҳо мебошанд, зеро қаблан дар хона фаъолияти асосии кӯдакон танҳо бозӣ буд, ҳоло кӯдак бояд машғулияту супоришҳоро иҷро намояд ва вақти пурсидан онҳоро ба ёд оварда, ҷавоб диҳад. Равоншиносон иброз медоранд, ки таъкидҳои пай дар пайи волидон метавонад стресс (асабоният) ва ҳаяҷони кӯдакро бештар гардонида, дар қалби кӯчакаш ҳисси тарсу ҳаросро бедор намоянд. Ҳамаи ин боис мегардад, ки кӯдак дилхунук шуда, дигар ба мактаб рафтан намехоҳад. Волидон бояд кӯшиш намоянд, ки бо шӯхию бозӣ ва дилхушӣ кӯдакро ба мактаб омода созанд. Шумо бояд ба фарзанди худ фаҳмонед, ки ӯ дар мактаб хондану навиштанро ба зудӣ меомӯзад ва албатта, дӯстони зиёде пайдо карда, бо онҳо вақташ хуш мегузарад. Ҳамин тавр кӯдак оҳиста-оҳиста ба тарзи нави ҳаёт ва муҳити мактабӣ одат карда, асабоният ва ҳаяҷонаш бартараф мегардад. Чаро бештари наврасон аз омӯзиш саркашӣ менамоянд? Ба иттилои равоншиносон, дар ҷараёни таълим бархе кӯдакони синфи якум аз мактаб дилгир ва шавқи хонданашон кам мешавад, дар вақти дарс бетоқат мешаванд, бо ҳамсабақон муоширати хуб надоранд, дарсро намефаҳманд, аммо хомӯш мемонанд ва аз навиштани дуру дароз хаста мешаванд. Дар ин ҳолат шумо бояд фарзанди худро дастгирӣ кунед. Барои хурдтарин комёбӣ кӯдакро ситоиш ва дар назди дигарон таъриф кунед. Ситоиш ва боварии волидон ба кӯдак илҳом мебахшад ва кӯшиш мекунад, ки минбаъд муваффақтар гардад. Ҳаргиз кӯдакро барои нокомиаш сарзаниш накунед. Чунин рафтори волидон кӯдакро дилшикаста месозад. Тавре муҳандис, ихтироъкор ва соҳибкори машҳури амрикоӣ Томас Алва Эдисон гуфта буд, «сухани модарам маро аз аҳмақӣ то ба нобиғагӣ расонид. Яъне, муаллима ба модарам хатчае равон намуд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Кӯдаки шумо аҳмақ аст. Аз фардо ӯро ба мактаб роҳ намедиҳем». Аммо модарам ба ман он хатчаро ба чунин тарз хонда буд: «Фарзанди шумо нобиға аст ва ин мактаб барои ӯ кофӣ нест. Омӯзиши ӯро худ ба уҳда гиред». Оё омӯзгор метавонад хонандаи сустхонро аълохон намояд? Равоншиносон тавсия медиҳанд, ки дар илми омӯзгорӣ-педагогӣ равишҳое низ ҳастанд, ки бо истифода аз онҳо ба кӯдакони сустхон ва ё лаёқаташон суст низ хондану навиштанро омӯзонидан мумкин аст. Аввал бо шогирдони сустхон хушмуомила, хушгуфтору хушрафтор будан зарур аст. Омӯзгорони синфҳои ибтидоиро зарур аст, ки дар ҷараёни дарсҳо воситаю усулҳои нави таълим ва бозиҳоро истифода баранд. Ин гуна бозиҳо ба хонандагони лаёқаташон суст бештар кумак мерасонанд ва албатта, натиҷаи хуб ҳам медиҳанд. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки вазифаи муҳимтарини муносибати инфиродӣ бо хонандагон муҳайё сохтани имконият барои бачаҳо дар такмили фаъолияташон мебошад. Дар вуҷуди ҳар кӯдак қобилияти инфиродие мавҷуд аст, ки онҳоро бояд инкишоф дод ва минбаъд онҳо метавонанд ба тарафҳои пурқуввати хонанда табдил ёбанд. Ба воситаи дарс омӯзгор имконият пайдо мекунад, ки ҳам ба ақл ва ҳам ба тафаккури хонанда таъсир расонад, қувваю қобилияти ҷисмонию маънавии ӯро инкишоф диҳад, ба хонанда маҳорату малакаҳои мустақилона азхуд кардани дониш ва истифода бурдани онро ёд диҳад, барои инкишофи ҳаматарафаи ӯ таҳкурсии мустаҳкам ва қавӣ гузорад. Дар мактаб мақоми бузург ва нақши марказиро устод- муаллим ишғол менамояд. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳз маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. 0
Дар Бадахшон 25 муассисаи томактабӣ ба истифода дода мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 25 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус 16 август зимни ҷаласаи кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол дар вилоят 26 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои зиёда аз 1700 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҷаласа гуфта шуд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳилаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Тоҷикистон ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа доир ба рушди инфрасохтори таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омодагӣ ба соли нави таҳсил мубодилаи афкор карда шуд. Дар айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 313 муассисаи таҳсилоти мумӣ фаъолият менамояд. Инҳо 202 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 1 мактаби президентӣ, 1 литсей ва 1 Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 42 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд. 0
Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис дода шуд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис додааст, ки ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллӣ дар ин самт ва мусоидат ба иҷрои самараноки «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040»-ро ба уҳда дорад. Дар доираи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи зеҳни сунъӣ ҷиҳати рушди устувори мамлакат ва минтақаи Осиёи Марказӣ иқдом менамояд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ нақши калидӣ мебозад. Бо ҷонибдории қатъномаи ахири Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ин самт ҳамкории кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, инчунин рушди зеҳни сунъӣ дар бахшҳои муҳими иқтисод, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, савдо ва молияро фаро мегирад. Ин ҳуҷҷат зарурати риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои таъмини ояндаи рақамии бехатар, фарогир ва кушодро таъкид менамояд. Қисмати муҳими ин ташаббус таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Марказ ба мубодилаи дониш, омодасозии мутахассисон, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва таъсиси механизмҳои худтанзимкунӣ барои таъмини амният ва эътимоднокии низомҳои зеҳни сунъӣ мусоидат менамояд. Агентӣ ҳамзамон лоиҳаҳои фарогири рақамисозиро амалӣ менамояд, ки ба бартарафсозии нобаробариҳои инфрасохторӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва рушди ҳамкории бахшҳои давлативу хусусӣ равона гардидаанд. Ин тадбирҳо ба ташаккули экосистемаи мусоиди воридсозии ҳалли инноватсионӣ ва суръатбахшии табдили рақамии Тоҷикистон ва минтақа мусоидат менамоянд. 0
Мақомоти шаҳри Душанбе шартномаи хариди 30 электробусро ба имзо расонид. Имрӯз байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе ва ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастрӣ» шартномаи хариди 30 электробуси навбатӣ ба имзо расонида шуд. Ба иттилои манбаъ, электробусҳои истеҳсоли ватанӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва сардкунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст доранд ва ғунҷоиши умумӣ дар он 100 мусофирро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад. 0
ОҒОЗИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 11 август дар Донишгоҳи давлатии Данғара даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иброз дошт, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як марҳалаи муҳимми маърифатӣ ва фарҳангӣ барои ҷомеаи кишвар буда, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмун нишонаи равшани ғамхорӣ ба маърифатнокӣ ва завқи китобхонии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон аст. Таъкид гардид, ки тамоми шароит барои баргузории саривақтӣ ва сатҳи баланди озмун фароҳам оварда шуда, назорати ҷараёни он аз ҷониби мақомоти марбута таъмин мегардад. Ҳамзамон аз рӯйи чор номинатсия доир шудани озмун ва ҷалби тоҷикони бурунмарзӣ як падидаи тоза ва шоёни таҳсин буда, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои дахлдор тартиби иштирок тариқи маҷозиро барои ҳамдиёрони бурунмарзӣ таҳия ва мувофиқа кардаанд. Барои онҳо комиссияи алоҳида ташкил гардида, имкон фароҳам аст, ки дар шакли онлайн иштирок кунанд. Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими ҳувияти миллӣ, забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар миёни ҳамватанони берун аз кишвар мебошад. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда озмун аз 11 то 20 августи соли ҷорӣ давом мекунад. Дар фарҷоми маросими ифтитоҳ муовини раиси вилоят бори дигар таъкид намуд, ки баргузории озмуни мазкур дар шароити муосир як амри зарурӣ буда, иштироки фаъолонаи хонандагону омӯзгорон ва тамоми қишрҳои ҷомеа дар озмун нишон медиҳад, ки миллат ба китоб ва дониш эҳтироми хоса дорад. 0