Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 23 миллиард сомониро ташкил дод…Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 23 миллиарду 853,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 9,7 фоиз ё 2 миллиарду 109,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 54,1 фоиз ва бахши аҳолӣ 45,9 фоизро ташкил медиҳад. Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмолию саноатии мамлакат мусоидат менамоянд. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замин, гирифтани се-чор ҳосил дар як сол, афзоиши майдони кишти зироати таъйиноти ғизоӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва таъмини бозори дохилӣ таъкид намудаанд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 беш аз 760 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин давра ба Тоҷикистон 924 ҳазору 884 нафар шаҳрванди хориҷӣ омадаанд, ки аз ин шумора 761 ҳазору 391 нафарро сайёҳон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии сайёҳон беш аз 699 ҳазор нафар аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 59 ҳазору 822 нафар аз кишварҳои дур мебошанд. Ин маълумот аз таваҷҷуҳи хосса ва устувори сайёҳон ба Тоҷикистон ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ, хусусан дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мамлакатҳои дур дарак медиҳад. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбандаи ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир дорад. Рушди соҳаи сайёҳӣ боиси зиёд гардидани ҷойи кори нав, ворид шудани асъори хориҷӣ ва тақвият ёфтани нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мегардад. Инчунин сайёҳӣ ба соҳаҳои хизматрасонии нақлиёт, алоқа, савдо ва хӯроки умумӣ таъсири мусбат мерасонадДалее Следующая запись: Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» назорати бехатарии шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст…Аз 1 декабри соли 2020 дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорати бехатарии меҳнат бо реҷаи шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин реҷаи шабонарӯзӣ новобаста аз эълон гардидани мораторий, ки то соли 2027 мебошад, гузаронида мешавад. Чунин иброз дошт сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. «Дар баъзе мавридҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 20 ҳазор нафар кор мекунанд ва тамоми намуди техника ва таҷҳизот истифода бурда мешавад», — гуфт Санъат Раҳим Аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Аммо новобаста ба ин ҳамасола ҳодисаҳои нохуш ба қайд гирифта мешаванд. Яке аз сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш фориғболии кормандон мебошад. «Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш- ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон ва надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад»,-иброз гардид дар нишасти матбуотии хадамот. Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим гуфт, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ то соли 2027 аз ҷониби кормандони хадамот танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида мешаванд.