Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 беш аз 760 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин давра ба Тоҷикистон 924 ҳазору 884 нафар шаҳрванди хориҷӣ омадаанд, ки аз ин шумора 761 ҳазору 391 нафарро сайёҳон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии сайёҳон беш аз 699 ҳазор нафар аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 59 ҳазору 822 нафар аз кишварҳои дур мебошанд. Ин маълумот аз таваҷҷуҳи хосса ва устувори сайёҳон ба Тоҷикистон ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ, хусусан дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мамлакатҳои дур дарак медиҳад. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбандаи ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир дорад. Рушди соҳаи сайёҳӣ боиси зиёд гардидани ҷойи кори нав, ворид шудани асъори хориҷӣ ва тақвият ёфтани нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мегардад. Инчунин сайёҳӣ ба соҳаҳои хизматрасонии нақлиёт, алоқа, савдо ва хӯроки умумӣ таъсири мусбат мерасонад

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

23 июл бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сафари давлатии Президенти Муғулистон аз 23 то 26 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.

Muguliston
Далее Следующая запись:

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 23 миллиард сомониро ташкил дод…Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 23 миллиарду 853,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 9,7 фоиз ё 2 миллиарду 109,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 54,1 фоиз ва бахши аҳолӣ 45,9 фоизро ташкил медиҳад. Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмолию саноатии мамлакат мусоидат менамоянд. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замин, гирифтани се-чор ҳосил дар як сол, афзоиши майдони кишти зироати таъйиноти ғизоӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва таъмини бозори дохилӣ таъкид намудаанд.

kishovarzi1 (1)

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июль 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  
« Июн   Авг »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram