СОКИНОНИ ШАҲРИ БОСТОНИИ КӮЛОБ БО ОБИ НУШОКӢ ТАЪМИН МЕГАРДАНД Замони соҳибистиқлолии мамлакат, зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳ Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шаҳри бостонии Кӯлоб рушду нумуъ ёфта, ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Маҳз талошу заҳматҳои сокинони шарафманди ин куҳандиёр аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб солҳои охир дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз қабили “Шаҳри беҳтарин”, “Сайри гули лола” сазовори ҷойҳои намоён гардид. Имрӯзҳо тамоми талошу заҳматҳои сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сохта ба истифода додани 494-иншооти гуногун дар назар гирифта шудааст. Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳои обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб бо ҷалби маблағҳои грантии Бонки Аврупоии Таҷдид ва рушд аз соли 2021 аз тарафи Корхонаи Воҳиди давлатии “Хоҷагию манзилию коммуналӣ” амалӣ гардида истода, анҷоми он моҳи декабри соли 2025 пешбинӣ шудааст. Дар доираи амалинамоии лоиҳаи мазкур: сохтмони 18 адад ҳавзҳои оҳану бетонӣ бо ғунҷоиши 23 ҳазор метри куббӣ, 3 адад истгоҳи (стансия)-и обкашии нав ва 1 адад зеристгоҳи барқӣ, таъмир ва барқарорсозии 16 адад ҷоҳҳои амудӣ ва 3 истгоҳи обкашии мавҷуда, васли 9,1 ҳазор метр қубурҳои пулодӣ, 56,3 қубурҳои полиэтиленӣ ва 9,3 ҳазор метр қубурҳои корезӣ, насби 10,3 ҳазор обҳисобкунакҳо ба нақша гирифта шудааст. Мутобиқи маълумоти масъулини татбиқи лоиҳа ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 5 адад чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор дода шуда, корҳои барқарорсозӣ дар 13 адад чоҳои боқимонда идома дорад. Барқарорсози 3 адад истгоҳи обкашии мавҷуда айни ҳол дар ҷараёни корӣ қарор дорад. Насби ҳисобкунакҳо бошад 90 фоизи нақшаи дар лоиҳа пешбинигардида, ё ин ки аз 10,2 ҳазор адад 9,09 ҳазор адад таъмин гардида, қисмати боқимонда то охири соли ҷорӣ бояд пурра ба итмом расонида шавад. Айни ҳол таҷҳизотҳо барои истигоҳҳои обкашӣ, нассосҳо, қубурҳои обрасонӣ ва дигар лавозимоти сохтмонӣ, ки барои анҷоми пурраи лоиҳа зарур мебошад, харидорӣ намуда шудааст. Бо татбиқи пурраи лоиҳа сифати хизматрасонӣ дар шаҳри Кӯлоб беҳтар гардида, шумораи истифодабарандагони оби тозаи ошомиданӣ аз 78,0 ҳазор нафар ба 106,0 ҳазор нафар зиёд мегардад. Инчунин талафоти техникӣ паст гардида, таъминот ба истифодабарандагони 170 бинои баландошёна бо реҷаи шабонарӯзӣ бо об таъмин мегардад. Ҳамзамон ғунҷоиши ҳавзҳои захирави об аз 21.5 ҳазор метри куббӣ ба 44,5 ҳазор метри куббӣ афзоиш меёбад. Бо истифода аз фурсати муносиб аз кулли сокинони сарбаланди Кӯлобшаҳри бостонӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар вазъияти ногуворе, ки кулли сайёраи заминро фаро гирифтааст, яъне гармшавӣ ва тағйирёбии иқлим дар истифодаи сарватҳои табиӣ сарфакорона муносибат намуда бошанд. Ба қадри ҳар яқ қатра обу ҳар як зарра хоки поки Тоҷикистони азиз расида бошанд. Боварӣ ва итминони комил аст, ки мардуми ғаюру ҷасур ва диловари шаҳри бостонии Кӯлоб сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд. Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб