Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид…Ҳарорати баланди ду моҳи охир дар Испания сабаби марги 1180 нафар гардидааст. Чунин маълумотро Вазорати муҳити зисти кишвар пешниҳод намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Kazinform» хабар медиҳад. Ба маълумоти манбаъҳои испанӣ, аксарияти фавтидагон нафарони аз 65-сола боло ва нисфи бештари онҳо занон будаанд. Минтақаҳои аз ҳама бештар зарардида Галисия, Ла-Риоха, Астурия ва Кантабрия мебошанд, ки дар қисми шимолии мамлакат воқеъ гардидаанд. Дар ин ҷойҳо ҳарорати пасти тобистона солҳои охир хеле баланд шудааст. Ба мисли дигар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ Испания ҳафтаҳои охир ба гармои шадид дучор шуда, ҳарорати ҳаво аксаран аз 40 дараҷа (104 дараҷаи Фаренгейт) низ баландтар гардидааст. Дар изҳороти вазорат бо истинод ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи тандурустии Карлос III омадааст, ки аз 16 май то 13 июли соли равон 1180 нафар бо сабабҳои алоқаманд ба гармии шадид фавтидаанд. Ин ҳолат дар ҳамин давраи соли 2024 114 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумот, дар давраи пешбининамудаи соли равон 76 огоҳии гармӣ дода шудааст, ҳол он ки як сол пеш ягон огоҳӣ ба қайд гирифта нашуда буд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид…Имрӯз мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ баргузор шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ таъкид карданд. Файзиддин Қаҳҳорзода аз саҳми арзандаи Амороти Муттаҳидаи Араб дар рушди инфрасохтор, бахусус дар сохтмони роҳҳо дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, имконияти сармоягузории кишварро дар бахшҳои энергетика, молия, кишоварзӣ, нақлиёт, саноати сабук ва сайёҳӣ муаррифӣ намуд. Дар ин замина, ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб барои сармоягузорӣ ба ин соҳаҳо даъват гардид. Вазири молия ҳамчунин аҳамияти стратегӣ ва миллии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро тазаккур дода, аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб даъват намуд, ки дар доираи Фонди Абу Забӣ оид ба рушд (ADFD) барои тезонидани раванди гузаронидани расмиёти Фонд ҷиҳати ҷудо намудани маблағгузорӣ ба ин лоиҳаи бузурги энергетикӣ мусоидат намоянд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар заминаи шарикии эътимодбахш таъкид намуданд.Далее Следующая запись: СОКИНОНИ ШАҲРИ БОСТОНИИ КӮЛОБ БО ОБИ НУШОКӢ ТАЪМИН МЕГАРДАНД Замони соҳибистиқлолии мамлакат, зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳ Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шаҳри бостонии Кӯлоб рушду нумуъ ёфта, ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Маҳз талошу заҳматҳои сокинони шарафманди ин куҳандиёр аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб солҳои охир дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз қабили “Шаҳри беҳтарин”, “Сайри гули лола” сазовори ҷойҳои намоён гардид. Имрӯзҳо тамоми талошу заҳматҳои сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сохта ба истифода додани 494-иншооти гуногун дар назар гирифта шудааст. Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳои обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб бо ҷалби маблағҳои грантии Бонки Аврупоии Таҷдид ва рушд аз соли 2021 аз тарафи Корхонаи Воҳиди давлатии “Хоҷагию манзилию коммуналӣ” амалӣ гардида истода, анҷоми он моҳи декабри соли 2025 пешбинӣ шудааст. Дар доираи амалинамоии лоиҳаи мазкур: сохтмони 18 адад ҳавзҳои оҳану бетонӣ бо ғунҷоиши 23 ҳазор метри куббӣ, 3 адад истгоҳи (стансия)-и обкашии нав ва 1 адад зеристгоҳи барқӣ, таъмир ва барқарорсозии 16 адад ҷоҳҳои амудӣ ва 3 истгоҳи обкашии мавҷуда, васли 9,1 ҳазор метр қубурҳои пулодӣ, 56,3 қубурҳои полиэтиленӣ ва 9,3 ҳазор метр қубурҳои корезӣ, насби 10,3 ҳазор обҳисобкунакҳо ба нақша гирифта шудааст. Мутобиқи маълумоти масъулини татбиқи лоиҳа ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 5 адад чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор дода шуда, корҳои барқарорсозӣ дар 13 адад чоҳои боқимонда идома дорад. Барқарорсози 3 адад истгоҳи обкашии мавҷуда айни ҳол дар ҷараёни корӣ қарор дорад. Насби ҳисобкунакҳо бошад 90 фоизи нақшаи дар лоиҳа пешбинигардида, ё ин ки аз 10,2 ҳазор адад 9,09 ҳазор адад таъмин гардида, қисмати боқимонда то охири соли ҷорӣ бояд пурра ба итмом расонида шавад. Айни ҳол таҷҳизотҳо барои истигоҳҳои обкашӣ, нассосҳо, қубурҳои обрасонӣ ва дигар лавозимоти сохтмонӣ, ки барои анҷоми пурраи лоиҳа зарур мебошад, харидорӣ намуда шудааст. Бо татбиқи пурраи лоиҳа сифати хизматрасонӣ дар шаҳри Кӯлоб беҳтар гардида, шумораи истифодабарандагони оби тозаи ошомиданӣ аз 78,0 ҳазор нафар ба 106,0 ҳазор нафар зиёд мегардад. Инчунин талафоти техникӣ паст гардида, таъминот ба истифодабарандагони 170 бинои баландошёна бо реҷаи шабонарӯзӣ бо об таъмин мегардад. Ҳамзамон ғунҷоиши ҳавзҳои захирави об аз 21.5 ҳазор метри куббӣ ба 44,5 ҳазор метри куббӣ афзоиш меёбад. Бо истифода аз фурсати муносиб аз кулли сокинони сарбаланди Кӯлобшаҳри бостонӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар вазъияти ногуворе, ки кулли сайёраи заминро фаро гирифтааст, яъне гармшавӣ ва тағйирёбии иқлим дар истифодаи сарватҳои табиӣ сарфакорона муносибат намуда бошанд. Ба қадри ҳар яқ қатра обу ҳар як зарра хоки поки Тоҷикистони азиз расида бошанд. Боварӣ ва итминони комил аст, ки мардуми ғаюру ҷасур ва диловари шаҳри бостонии Кӯлоб сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд. Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб