Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

ҚУРБИ АСЪОР:Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 9.6872 сомонӣ; 1 евро – 11. 3272 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1242 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз 9.6872 то 9.7400 сомонӣ; 1 евро аз 11.3272 то 11.3000 сомонӣ; 1 рубли русӣ аз 0.1242 то 0.1210 сомонӣ. БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

ТАҚВИМ:14 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид. *** 17 сол қабл, 14 июли соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд. *** Дар ин рӯзи соли 2009 дар варзишгоҳи «Металлург» чемпионати дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олии «Регар-ТадАЗ» бо клуби «Энергетик»- и Душанбе баргузор гардид. *** 14 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти вақтии Ҷумҳурии Фаронса Николя Саркози ба муносибати солгарди иди миллии ин кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуданд. *** 14 июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири калони ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷеро, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур машғул аст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли пахта ва коркарди саноатии он баррасӣ шуд *** Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии неругоҳи «Норак», лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳоро баррасӣ карданд. *** 14 июли соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати «Ҷенерал Электрик»-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати амрикоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ карда шуд. *** Дар ин рӯзи соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо- вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфтанд. *** 14 июли соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду мамлакат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад. *** Соли 2023 Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров узви Раёсати иҷроияи Шурои олимпии Осиё (OCA) барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид. 14 ИЮЛ: Дар Фаронса иди асосии миллӣ– Рӯзи ба даст овардани Бастилия.

d182d0b0d0bad0b2d0b8d0bc
Далее Следующая запись:

Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид…Имрӯз мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ баргузор шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ таъкид карданд. Файзиддин Қаҳҳорзода аз саҳми арзандаи Амороти Муттаҳидаи Араб дар рушди инфрасохтор, бахусус дар сохтмони роҳҳо дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, имконияти сармоягузории кишварро дар бахшҳои энергетика, молия, кишоварзӣ, нақлиёт, саноати сабук ва сайёҳӣ муаррифӣ намуд. Дар ин замина, ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб барои сармоягузорӣ ба ин соҳаҳо даъват гардид. Вазири молия ҳамчунин аҳамияти стратегӣ ва миллии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро тазаккур дода, аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб даъват намуд, ки дар доираи Фонди Абу Забӣ оид ба рушд (ADFD) барои тезонидани раванди гузаронидани расмиёти Фонд ҷиҳати ҷудо намудани маблағгузорӣ ба ин лоиҳаи бузурги энергетикӣ мусоидат намоянд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар заминаи шарикии эътимодбахш таъкид намуданд.

  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/