Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад…Бо мақсади таҷлили сазовори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Саҳми ман дар ободии Ватан» дар шаҳру ноҳияҳо ташаббуси вилоятӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд. Сокинони вилоят ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бояд бо истифода аз қобилияти ташкилотчигӣ барои ҷалби муташаккилонаи аҳолӣ ба корҳои тозагию ободкорӣ дар ҳар ташкилоту муассиса, маҳалли зист, қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои мошингард ва соҳили ҷӯйю каналҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Мақсад аз баргузории чунин шанбегиҳо тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи саломатии иҷтимоӣ ва зебоии маҳал мебошад. Дар робита ба ин ҳар сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон даъват карда мешавад, ки дар ташаббуси «Саҳми ман дар ободии Ватан» фаъолона иштирок намуда, дар ободонӣ ва сабзкории ҳар гӯшаи Ватан саҳм гузорад.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд…Лигаи футзали Тоҷикистон мавсими 2024/25-ро ҷамъбаст карда, ғолибони ҷоизаҳои инфиродиро эълон намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҳамоиш ғолибон аз рӯйи ҳашт номинатсия бар асоси натиҷаи мусобиқаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2024/25 қадрдонӣ карда шуданд. Беҳтарин футзалбози Тоҷикистон бозигари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Муҳаммад Шарипов дониста шуд. Беҳтарин мураббии мавсими ҷамъбастшуда Пайрав Воҳидов эътироф гардид, ки таҳти роҳбарии ӯ «Соро компания» ғолиби Суперлига ва Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими 2024/25 шуд. Бозигарони тими миллии Тоҷикистон, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайиланд муваффақона баромад карда, дар Ҷоми ҷаҳон-2024 иштирок доштанд, соҳиби шаҳодатномаҳои «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба футзал» гардиданд.

photo_2025-07-14_13-56-24
Далее Следующая запись:

Пагоҳ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад…15 июл, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳо вобаста ба рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа, татбиқи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 – 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ворид гардидаанд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум то 14 июли соли 2025 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.

Rustami-Emomali-Machlisi-vakiloni-halk

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июль 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  
« Июн   Авг »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram