Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

ТАҚВИМ: имрӯз 12 июл, шанбе, 193-юмин рӯзи соли 2025 аст.12 июли соли 2012 дар Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон-Ордени Ҳайдар Алиев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд. *** Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон машварати корӣ доир намуда, дар назди масъулин доир ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷудаи вақт вазифаҳои мушаххас гузоштанд. *** 10 сол пеш, 12 июли соли 2015 сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки шоми 12 июл вориди шаҳри Душанбе шуд, бо мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Барои истиқболи меҳмони олимақом майдони назди Қасри миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд. *** 12 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҷамъбасти ҳисоботи Лоиҳаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ ҷамъомад баргузор гардид. *** 16 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2019 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии «Чашмаи Нуқра» шинос шуданд. *** Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ доир намуданд. Дар рафти суҳбат роҳбарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳоро муҳокима намуда, ҷараёни мусбати рушди онҳоро тайи солҳои охир иброз доштанд. *** 12 июли соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар баромадгоҳи нақби нақлиётии рақами 9 (Т-9) аз ҷараёни корҳои сохтмонию васлгарӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 1,2,3,4,5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд, шинос шуданд. *** 12 июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои ояндаи босубот ва рушд якҷоя амал мекунем» Форуми байналмиллалии ҷавонон баргузор гардид. ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: Тоҷӣ Усмон -соли 1906 — нависанда, рӯзноманигор, дорандаи ордени Нишони фахрӣ, медалҳо, баранда Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард…Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол ҷамъомади таълимиву тамриниро дар шаҳри Норак шуруъ намуд, ки то 4 август идома хоҳад кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини ба ин ҷамъомад 27 бозингар – 2 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Бояд таъкид намуд, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад, мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) рақобат мекунад.

Navrason
Далее Следующая запись:

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст…Аз соли 2022 то шаш моҳи соли 2025 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 295 иншооти хурду бузург мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба 90,5 фоизи нақшаи тарҳрезишуда баробар аст. Дар ин хусус зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хоруғ дар 6 моҳи соли равон иттилоъ дода шуд. Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар шаҳр 326 иншооти соҳаҳои гуногун бунёд карда шавад. Дар назар аст, ки то таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ 16 иншооти ҳаётан муҳими иқтисодию иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирад. Ёдовар мешавем, ки бо мақсади такмил додани фаъолияти шаҳрсозӣ ва таъмини пурраи аҳолӣ бо хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ чанде қабл дар ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна муаррифӣ карда шуданд. Сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Makomoti-Horug

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июль 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  
« Июн   Авг »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram