Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард…Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол ҷамъомади таълимиву тамриниро дар шаҳри Норак шуруъ намуд, ки то 4 август идома хоҳад кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини ба ин ҷамъомад 27 бозингар – 2 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Бояд таъкид намуд, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад, мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) рақобат мекунад. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид…..10 июли соли равон вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода бо Роҳбари нави шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказии Комиссияи Аврупо хонум Шарлот Адриен баргузор шуд, ки зимни он ҷонибҳо татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетикаи сабзро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Аҳлиддин Нуриддинзода изҳор дошт, ки бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи Аврупо, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо тавсеа ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба нақлиёт, рақамикунонӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳамкории минтақавӣ, инчунин ҷараёни Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта (СШҲТ)-ро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷониби Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар партави натиҷаҳои сафари Комиссари Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ҷозеф Сикела ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саммити якуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ба тавсеаи ҳамкорӣ такони ҷиддӣ бахшида, заминаи ҷалби маблағгузории грантӣ ва қарзии навро фароҳам оварданд. Дар робита ба ин, Аҳлиддин Нуриддинзода дастгирии минбаъдаи Комиссияи Аврупоро ҷиҳати ҷалби манбаъҳои маблағгузорӣ ва дастгирии техникию молиявӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар чаҳорчӯби ташаббуси Global Gateway муҳим арзёбӣ намуд. Дар посух ба пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон, хонум Шарлот Адриен омодагии худро ҷиҳати баррасии роҳҳои дастгирии лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар самти энергетикаи барқароршаванда, нақлиёт ва обу иқлим баён намуда, аҳамияти таҳкими заминаи шартномавӣ тавассути СШҲТ ва истифодаи васеи имкониятҳои ташаббуси «Global Gateway»-ро таъкид намуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба аҳамияти таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва идомаи муколамаи сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.Далее Следующая запись: ТАҚВИМ: имрӯз 12 июл, шанбе, 193-юмин рӯзи соли 2025 аст.12 июли соли 2012 дар Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон-Ордени Ҳайдар Алиев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд. *** Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон машварати корӣ доир намуда, дар назди масъулин доир ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷудаи вақт вазифаҳои мушаххас гузоштанд. *** 10 сол пеш, 12 июли соли 2015 сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки шоми 12 июл вориди шаҳри Душанбе шуд, бо мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Барои истиқболи меҳмони олимақом майдони назди Қасри миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд. *** 12 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҷамъбасти ҳисоботи Лоиҳаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ ҷамъомад баргузор гардид. *** 16 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2019 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии «Чашмаи Нуқра» шинос шуданд. *** Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ доир намуданд. Дар рафти суҳбат роҳбарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳоро муҳокима намуда, ҷараёни мусбати рушди онҳоро тайи солҳои охир иброз доштанд. *** 12 июли соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар баромадгоҳи нақби нақлиётии рақами 9 (Т-9) аз ҷараёни корҳои сохтмонию васлгарӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 1,2,3,4,5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд, шинос шуданд. *** 12 июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои ояндаи босубот ва рушд якҷоя амал мекунем» Форуми байналмиллалии ҷавонон баргузор гардид. ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: Тоҷӣ Усмон -соли 1906 — нависанда, рӯзноманигор, дорандаи ордени Нишони фахрӣ, медалҳо, баранда Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ.