Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

ДАРАИ АЛМОСИИ ШАҲРИ ҲИСОР РАСМАН БА ФЕҲРИСТИ «НИЗОМИ МЕРОСИ КИШОВАРЗИИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ ҶАҲОНӣ» ВОРИД КАРДА ШУД Дар партави таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзии кишвар устуворона рушд намуда, дар заминаи он суботи иқтисодӣ ва амнияти озуқаворӣ таъмин карда шудааст. Дар баробари дигар дастовардҳои бузурги байналмилалии Тоҷикистон Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 7 — 8 июл дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар рафти ин ҷаласа Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуданд. Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд. То имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиё танҳо 12 мавзеъ дар 5 кишвар — Андора, Австрия, Италия, Испания ва Португалия дар феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ҷойгир мебошанд. Акнун дараи Алмосии Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат ворид карда шуд, ки дар пайванди мероси ғании табиӣ дар минтақа ва ҷаҳон нақши муассир дорад. Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як низоми кишоварзии нодирро ташкил дода, дар он чорводорӣ дар ҳамбастагӣ бо зироаткорӣ ва боғдорӣ рушд намудааст. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус ангури тойифии гулобӣ парвариш карда мешаванд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар минтақа гӯсфанди ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқ мебошад, парваришу нигоҳубин карда мешаванд. Дараи Алмосӣ ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо зебоии нотакрор ва захираҳои шифобахш ин минтақа таваҷҷуҳи мутахассисон, табибон ва сайёҳонро низ ба худ ҷалб намудааст. Яке аз намудҳои чорвое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш ёфтаву дар ҷаҳон номдор аст, ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур рафта мерасад. Гӯсфанди ҳисорӣ — зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ аст. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған парвариш менамоянд ва пайдоишу парвариши он аз водии Ҳисор ибтидо гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад. Бо шарофати вазни зиндаи калонтарин дар арсаи ҷаҳон минтақаи парваришу афзоишдиҳии гӯсфанди зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Тайи солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва аксар кишварҳои қаламрави ИДМ интиқол дода шуда, дар ин кишварҳо низ парвариш карда мешаванд. Ҳоло саршумори беҳтарин гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар корхонаҳои зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Ҳисор ва Шаҳринав, кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, кооперативи истеҳсолии «Дилшод-Б»-и ноҳияи Варзоб ва дигар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Ин хоҷагиҳо дар парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони хушзоту баландмаҳсул нақши асосӣ доранд. Ангури тоифӣ, ки дар минтақаи Ҳисор парвариш меёбад, бо назардошти муътадил будани иқлим ранги гулобӣ мегирад. Инчунин бо таъмаш фарқ мекунад. Ин навъи ангур ба бемориҳо тобовар буда, қобилияти хуби нигаҳдорӣ дорад. Донаи байзашакл, пӯсти ғафс ва таъми ширин дорад. Дар дохили хона зимистон дар ҳарорати то 15 дараҷа гармӣ то 5 моҳ нигоҳ доштанаш мумкин аст. Давраи ҳосилғундорӣ аз моҳи сентябр то декабр мебошад. Инчунин аз ин навъи ангур шароб ё афшураҳои беҳтарин омода карда мешаванд. Буттамеваҳои ин навъи ангур миқдори кофии афшура доранд ва миқдори шакар дар онҳо мутавозин аст. Ранги ангури тоифӣ ба ҳарорати минтақа вобастагӣ дорад. Таъкид намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахустин кишваре мебошад, ки маҳсулоти кишоварзии он ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид шуд ва гусфанди зоти ҳисорию ангури навъи тоифӣ минбаъд дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда мешаванд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид. Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, 7 — 8 июл дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ба Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мақоми «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» дода шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад. Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд. Директори Раёсати масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва муҳити зист дар Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Каве Заҳедӣ дар ҷаласа чунин иброз намуд: «дар ҳоле ки мо бо буҳрони иқлимӣ ва талафоти гуногунии биологӣ муқовимат менамоем, баланд бардоштани устуворӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ ва тарғиби намудани агроозуқаворӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкилот аҳамияти бештар пайдо мекунад». То имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна танҳо 12 иншоот дар 5 кишвар — Андорра, Австрия, Италия, Испания ва Португалия эътироф шуда буданд. Акнун дараи Алмосии Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат шомил шуд, ки купрӯк байни мероси ғании табиӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мегардад. Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як низоми кишоварзии нодирро ташкил медиҳад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ якҷоя амал мекунанд. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус тойифии гулобӣ парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар минтақа гӯсфандони ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқанд, парваришу нигоҳубин мешаванд. Дараи Алмосӣ ба яке аз манотиқи ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо зебоии нотакрор ва захираҳои шифобахш ин минтақа таваҷҷуҳи мутахассисон, табибон ва сайёҳонро низ ба худ ҷалб намудааст. Бино ба иттилои Маркази таҳқиқоти гиёҳшиносӣ, дар ин дара зиёда аз 20 навъи гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла кокути кӯҳӣ, насрин, пудина ва мастакӣ мерӯянд, ки барои табобати бемориҳои гуногун истифода мешаванд. Тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, солҳои охир барои беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо ва дастрасӣ ба деҳаҳо як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, роҳҳои байниноҳиявӣ ва дастрас ба деҳаҳои дараи Алмосӣ бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва шарикони рушд навсозӣ шудаанд.

Darai-Almosi
Далее Следующая запись:

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид…..10 июли соли равон вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода бо Роҳбари нави шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказии Комиссияи Аврупо хонум Шарлот Адриен баргузор шуд, ки зимни он ҷонибҳо татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетикаи сабзро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Аҳлиддин Нуриддинзода изҳор дошт, ки бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи Аврупо, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо тавсеа ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба нақлиёт, рақамикунонӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳамкории минтақавӣ, инчунин ҷараёни Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта (СШҲТ)-ро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷониби Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар партави натиҷаҳои сафари Комиссари Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ҷозеф Сикела ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саммити якуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ба тавсеаи ҳамкорӣ такони ҷиддӣ бахшида, заминаи ҷалби маблағгузории грантӣ ва қарзии навро фароҳам оварданд. Дар робита ба ин, Аҳлиддин Нуриддинзода дастгирии минбаъдаи Комиссияи Аврупоро ҷиҳати ҷалби манбаъҳои маблағгузорӣ ва дастгирии техникию молиявӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар чаҳорчӯби ташаббуси Global Gateway муҳим арзёбӣ намуд. Дар посух ба пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон, хонум Шарлот Адриен омодагии худро ҷиҳати баррасии роҳҳои дастгирии лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар самти энергетикаи барқароршаванда, нақлиёт ва обу иқлим баён намуда, аҳамияти таҳкими заминаи шартномавӣ тавассути СШҲТ ва истифодаи васеи имкониятҳои ташаббуси «Global Gateway»-ро таъкид намуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба аҳамияти таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва идомаи муколамаи сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.

photo_2025-07-11_08-10-29

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июль 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  
« Июн   Авг »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram