ДАРАИ АЛМОСИИ ШАҲРИ ҲИСОР РАСМАН БА ФЕҲРИСТИ «НИЗОМИ МЕРОСИ КИШОВАРЗИИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ ҶАҲОНӣ» ВОРИД КАРДА ШУД Дар партави таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзии кишвар устуворона рушд намуда, дар заминаи он суботи иқтисодӣ ва амнияти озуқаворӣ таъмин карда шудааст. Дар баробари дигар дастовардҳои бузурги байналмилалии Тоҷикистон Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 7 — 8 июл дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар рафти ин ҷаласа Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуданд. Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд. То имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиё танҳо 12 мавзеъ дар 5 кишвар — Андора, Австрия, Италия, Испания ва Португалия дар феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ҷойгир мебошанд. Акнун дараи Алмосии Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат ворид карда шуд, ки дар пайванди мероси ғании табиӣ дар минтақа ва ҷаҳон нақши муассир дорад. Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як низоми кишоварзии нодирро ташкил дода, дар он чорводорӣ дар ҳамбастагӣ бо зироаткорӣ ва боғдорӣ рушд намудааст. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус ангури тойифии гулобӣ парвариш карда мешаванд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар минтақа гӯсфанди ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқ мебошад, парваришу нигоҳубин карда мешаванд. Дараи Алмосӣ ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо зебоии нотакрор ва захираҳои шифобахш ин минтақа таваҷҷуҳи мутахассисон, табибон ва сайёҳонро низ ба худ ҷалб намудааст. Яке аз намудҳои чорвое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш ёфтаву дар ҷаҳон номдор аст, ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур рафта мерасад. Гӯсфанди ҳисорӣ — зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ аст. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған парвариш менамоянд ва пайдоишу парвариши он аз водии Ҳисор ибтидо гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад. Бо шарофати вазни зиндаи калонтарин дар арсаи ҷаҳон минтақаи парваришу афзоишдиҳии гӯсфанди зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Тайи солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва аксар кишварҳои қаламрави ИДМ интиқол дода шуда, дар ин кишварҳо низ парвариш карда мешаванд. Ҳоло саршумори беҳтарин гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар корхонаҳои зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Ҳисор ва Шаҳринав, кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, кооперативи истеҳсолии «Дилшод-Б»-и ноҳияи Варзоб ва дигар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Ин хоҷагиҳо дар парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони хушзоту баландмаҳсул нақши асосӣ доранд. Ангури тоифӣ, ки дар минтақаи Ҳисор парвариш меёбад, бо назардошти муътадил будани иқлим ранги гулобӣ мегирад. Инчунин бо таъмаш фарқ мекунад. Ин навъи ангур ба бемориҳо тобовар буда, қобилияти хуби нигаҳдорӣ дорад. Донаи байзашакл, пӯсти ғафс ва таъми ширин дорад. Дар дохили хона зимистон дар ҳарорати то 15 дараҷа гармӣ то 5 моҳ нигоҳ доштанаш мумкин аст. Давраи ҳосилғундорӣ аз моҳи сентябр то декабр мебошад. Инчунин аз ин навъи ангур шароб ё афшураҳои беҳтарин омода карда мешаванд. Буттамеваҳои ин навъи ангур миқдори кофии афшура доранд ва миқдори шакар дар онҳо мутавозин аст. Ранги ангури тоифӣ ба ҳарорати минтақа вобастагӣ дорад. Таъкид намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахустин кишваре мебошад, ки маҳсулоти кишоварзии он ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид шуд ва гусфанди зоти ҳисорию ангури навъи тоифӣ минбаъд дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда мешаванд. 0
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид. Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, 7 — 8 июл дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ба Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мақоми «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» дода шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад. Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд. Директори Раёсати масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва муҳити зист дар Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Каве Заҳедӣ дар ҷаласа чунин иброз намуд: «дар ҳоле ки мо бо буҳрони иқлимӣ ва талафоти гуногунии биологӣ муқовимат менамоем, баланд бардоштани устуворӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ ва тарғиби намудани агроозуқаворӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкилот аҳамияти бештар пайдо мекунад». То имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна танҳо 12 иншоот дар 5 кишвар — Андорра, Австрия, Италия, Испания ва Португалия эътироф шуда буданд. Акнун дараи Алмосии Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат шомил шуд, ки купрӯк байни мероси ғании табиӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мегардад. Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як низоми кишоварзии нодирро ташкил медиҳад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ якҷоя амал мекунанд. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус тойифии гулобӣ парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар минтақа гӯсфандони ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқанд, парваришу нигоҳубин мешаванд. Дараи Алмосӣ ба яке аз манотиқи ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо зебоии нотакрор ва захираҳои шифобахш ин минтақа таваҷҷуҳи мутахассисон, табибон ва сайёҳонро низ ба худ ҷалб намудааст. Бино ба иттилои Маркази таҳқиқоти гиёҳшиносӣ, дар ин дара зиёда аз 20 навъи гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла кокути кӯҳӣ, насрин, пудина ва мастакӣ мерӯянд, ки барои табобати бемориҳои гуногун истифода мешаванд. Тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, солҳои охир барои беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо ва дастрасӣ ба деҳаҳо як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, роҳҳои байниноҳиявӣ ва дастрас ба деҳаҳои дараи Алмосӣ бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва шарикони рушд навсозӣ шудаанд. 0
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои муаззами тоҷикон-ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдати байналмилалӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд. Муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода изҳор дошт, ки мардуми шарафманду сипосгузори вилоят ҳанӯз зери таассуроти амиқ аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. «Хурду бузурги ин минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон саҳми Пешвои миллатро дар барқарорсозии суботу оромии мамлакат хуб дарк намуда, сиёсати пешгирифтаи роҳбари хирдапешаи тоҷиконро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд»,-гуфт Шарифхон Сафарзода. Иброз гардид, ки ба бахти миллати тоҷик ва бо ҳукми тақдир дар он давраи ниҳоят вазнини таърихӣ, ки ҳастии миллат ва якпорчагии давлат зери хатар қарор дошт, ба мо муяссар гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат омада, роҳбарии давлату миллатро ба дӯши худ гиранд. Дар ҷараёни кори конфронс Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-сароғози мактаби давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» маърӯза намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки фидокориву ҷоннисорӣ ва корномаҳои беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳёи давлати тоҷикон, барқарор кардани сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ кардани миллат нақши муассир гузоштанд. Нотиқон зимни пешниҳоди маърӯзаҳо аз заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ сухан гуфта, таъкид доштанд, ки тайи солҳои арзи ҳастӣ намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик мамлакати мо ба дастоварду пешравиҳои бесобиқа ноил гардида, барои сокинони он шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шуд. Таъкид гардид, ки имрӯз халқи саодатманди тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамаҳои устувор пеш меравад. 0