ХИЗМАТИ СОФДИЛОНАВУ САДОҚАТМАНДОНА БА ХАЛҚУ МИЛЛАТ ҚАРЗИ ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК МАСЪУЛИ ДАВЛАТӢ АСТ Санаи 7-июл дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид. Дар кори ҷаласа муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуданд. Дар ҷаласаи навбатӣ тибқи банди якуми рӯзномаи маҷлис роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис оид ба супоришҳои қаблии раиси шаҳр ҳисобот пешниҳод намуданд. Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Иззатуллоев Идимад оид ба фаъолияти “Маркази дарёфт варушди истеъдодҳо”-и назди шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб дар давраи фаъолияти шашмоҳаи соли 2025 шунида шуд. Дар идомаи ҷаласа роҳбариятимақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати ба самар расонидани кишти такрорӣ, обуна ба нашрияҳои давлатӣ, таъминоти оби полезӣ,тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон, риоя кардани қоидаҳои зидди сӯхтор дар ғаллазорҳо, пардохти саривақтии рухсатпулии омӯзгорон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

  • Июл, Пн, 2025