Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. 8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз 8 то 9 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ дар назар аст. 0
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд. Дар шаҳри Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд. Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 167 адад муассисаҳои томактабӣ ва 104 адад гурӯҳи инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд. Сарвари давлат дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад. Бояд таъкид намуд, ки бо назардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, Ҳукумати мамлакат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳад. Зеро зинаи томактабӣ ё омӯзиши барвақтии кӯдак барои гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Вазифаи кӯдакистон ба кӯдакон додани дониши замонавӣ, мукаммал сохтани маҳорату малакаҳои муайян, ҳозирҷавобӣ, ҳушёрию зиракӣ ва дигар сифатҳои ақлию зеҳнӣ мебошад, ки ин ҳама барои таҳсилу тадриси минбаъдаи кӯдакон дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил хеле зарур мебошад. Кӯдакистон бояд наслеро тарбия кунад, ки содиқу худогоҳ бошад, чунки эҳсоси гарми ватандӯстӣ аз кӯдакистон оғоз шуда, ин давраи шаклгирии мафкураи кӯдак мебошад. Раванди таълим дар кӯдакистонҳо бояд низоми миллӣ дошта бошад. Масъулинро зарур аст, ки барои мутахассисони соҳаи тарбияи томактабӣ дастуру адабиёти зарурии миллӣ таҳия кунанд. Ин замина фароҳам меорад, ки ҳар мураббию омӯзгор рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намояд. Аз ин рӯ барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмонию зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ зарур аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Тарбия ва чӣ гуна ба воя расидани онҳо аз ҷомеа вобаста аст. Яъне аҳли ҷомеа кӯдаконро бояд дар руҳияи ватанпарварӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбия намоянд. 0
ХИЗМАТИ СОФДИЛОНАВУ САДОҚАТМАНДОНА БА ХАЛҚУ МИЛЛАТ ҚАРЗИ ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК МАСЪУЛИ ДАВЛАТӢ АСТ Санаи 7-июл дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид. Дар кори ҷаласа муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуданд. Дар ҷаласаи навбатӣ тибқи банди якуми рӯзномаи маҷлис роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис оид ба супоришҳои қаблии раиси шаҳр ҳисобот пешниҳод намуданд. Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Иззатуллоев Идимад оид ба фаъолияти “Маркази дарёфт варушди истеъдодҳо”-и назди шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб дар давраи фаъолияти шашмоҳаи соли 2025 шунида шуд. Дар идомаи ҷаласа роҳбариятимақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати ба самар расонидани кишти такрорӣ, обуна ба нашрияҳои давлатӣ, таъминоти оби полезӣ,тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон, риоя кардани қоидаҳои зидди сӯхтор дар ғаллазорҳо, пардохти саривақтии рухсатпулии омӯзгорон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб 0