Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 04.07.2025 08.20 шаҳри Душанбе 4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025-ро ба муомилот мебарорад. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025 –ро ба муомилот мебарорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2024-ро бо арзишҳои номиналии 200 ва 500 сомонӣ ва барориши соли 2025-ро бо арзишҳои номиналии 20, 50 ва 100 сомонӣ ба муомилот мебарорад. Пулҳои коғазии намуна ва бароришҳои солҳои 2024 ва 2025 бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар қатори пулҳои коғазии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.Далее Следующая запись: Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 04.07.2025 11.45 Озарбойҷон 4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Физулӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Кэримли Адил ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.