Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025-ро ба муомилот мебарорад. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025 –ро ба муомилот мебарорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2024-ро бо арзишҳои номиналии 200 ва 500 сомонӣ ва барориши соли 2025-ро бо арзишҳои номиналии 20, 50 ва 100 сомонӣ ба муомилот мебарорад. Пулҳои коғазии намуна ва бароришҳои солҳои 2024 ва 2025 бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар қатори пулҳои коғазии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд. 4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 17-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари корӣ анҷом медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

ECO-04-03-2021-2
Далее Следующая запись:

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 04.07.2025 08.20 шаҳри Душанбе 4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

54632044185_33451670a3_b

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июль 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  
« Июн   Авг »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram