Ба Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Кочанова Наталя Ивановна Муҳтарам Наталя Ивановна Шуморо бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Беларус самимона табрик мегӯям. Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Беларус дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Мо ба муносибатҳои дӯстона ва амалие, ки байни кишварҳо ва парламентҳои мо роҳандозӣ гардидаанд, баҳои баланд медиҳем. Итминон дорем, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ ба таҳкими равобити анъанавии гарму эътимодбахши Тоҷикистону Беларус мусоидат хоҳад кард. Ба Шумо, муҳтарам Наталя Ивановна, саломатии бардавом, дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Беларус сулҳу осоиш, беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзумандам. Бо эҳтиром, Рустам Эмомалӣ Навигация записи Назад Предыдущая запись: 3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд. Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд.Далее Следующая запись: Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии раиси Ситод – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» баррасӣ гардид. Бо мақсади назорати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои соли қаблӣ 5 маротиба ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, дар онҳо ба роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби раиси Ситод дастуру супоришҳои мушаххас оид ба масъалаҳои банақшагрӣ ва захираи маводи зарурии хӯрокворӣ, истифодаи самараноки неруи барқу гармӣ ва истеҳсолу таъминоти мунтазами он, захира ва истифодабарии ангишт, сӯзишворӣ, маводи зиддилағжиш, хӯроки чорво ва ғайра дода шудаанд. Аз таҳлилу мониторингҳо бармеояд, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2025 бандҳои Нақшаи чорабиниҳои қарори қаблӣ дар маҷмуъ иҷро шуданд. Айни замон қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» ба тасвиб расида, Нақшаи чорабиниҳои он мавриди амал қарор дорад. Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур дар муҳлати то 10 майи соли 2025 дар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои фаврӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст. Ҳоло марҳилаи нақшабандӣ ва иҷрои захираи маводи хӯрокворӣ, ангишт, воридоти мазути камсулфур, гази табиӣ ва моеъ ва дигар маводи асосии сӯхт, омодагӣ барои таъмини барқу гармӣ ба корхонаҳову муассисаҳо ва аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 оғоз гардидааст. Дар ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Ситод Усмоналӣ Усмонзода ба роҳбарони ситодҳои вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 супоришҳои мушаххас дода шуданд.