Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025-ро ба муомилот мебарорад. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025 –ро ба муомилот мебарорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2024-ро бо арзишҳои номиналии 200 ва 500 сомонӣ ва барориши соли 2025-ро бо арзишҳои номиналии 20, 50 ва 100 сомонӣ ба муомилот мебарорад. Пулҳои коғазии намуна ва бароришҳои солҳои 2024 ва 2025 бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар қатори пулҳои коғазии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд. 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд. 4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 17-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари корӣ анҷом медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 0
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии раиси Ситод – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» баррасӣ гардид. Бо мақсади назорати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои соли қаблӣ 5 маротиба ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, дар онҳо ба роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби раиси Ситод дастуру супоришҳои мушаххас оид ба масъалаҳои банақшагрӣ ва захираи маводи зарурии хӯрокворӣ, истифодаи самараноки неруи барқу гармӣ ва истеҳсолу таъминоти мунтазами он, захира ва истифодабарии ангишт, сӯзишворӣ, маводи зиддилағжиш, хӯроки чорво ва ғайра дода шудаанд. Аз таҳлилу мониторингҳо бармеояд, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2025 бандҳои Нақшаи чорабиниҳои қарори қаблӣ дар маҷмуъ иҷро шуданд. Айни замон қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» ба тасвиб расида, Нақшаи чорабиниҳои он мавриди амал қарор дорад. Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур дар муҳлати то 10 майи соли 2025 дар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои фаврӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст. Ҳоло марҳилаи нақшабандӣ ва иҷрои захираи маводи хӯрокворӣ, ангишт, воридоти мазути камсулфур, гази табиӣ ва моеъ ва дигар маводи асосии сӯхт, омодагӣ барои таъмини барқу гармӣ ба корхонаҳову муассисаҳо ва аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 оғоз гардидааст. Дар ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Ситод Усмоналӣ Усмонзода ба роҳбарони ситодҳои вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 супоришҳои мушаххас дода шуданд. 0
Ба Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Кочанова Наталя Ивановна Муҳтарам Наталя Ивановна Шуморо бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Беларус самимона табрик мегӯям. Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Беларус дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Мо ба муносибатҳои дӯстона ва амалие, ки байни кишварҳо ва парламентҳои мо роҳандозӣ гардидаанд, баҳои баланд медиҳем. Итминон дорем, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ ба таҳкими равобити анъанавии гарму эътимодбахши Тоҷикистону Беларус мусоидат хоҳад кард. Ба Шумо, муҳтарам Наталя Ивановна, саломатии бардавом, дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Беларус сулҳу осоиш, беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзумандам. Бо эҳтиром, Рустам Эмомалӣ 0
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд. Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд. 0
ТАҚВИМ: Имрӯз 3 июл, панҷшанбе, 184-умин рӯзи соли 2025 аст Дар ин рӯзи соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуд, ки он бекор кардани ҳукми қатл барои занонро дарбар мегирифт. *** 3 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. *** 3 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ва «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро ба имзо расониданд. *** 3 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар фазои созанда ва дӯстона сарони ду мамлакат оид ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мушаххас бо таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор намуданд. *** 3 июли соли 2014 бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии содирот ва сармоягузории Қазоқистон «KAZNET INVEST» дар шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид. Дар кори форум зиёда аз 20 ширкати бузурги қазоқӣ аз соҳаҳои мошинсозӣ, химиявӣ, техникаи электронӣ, сохтмонӣ, истеҳсоли қоғаз, дорусозӣ ва маҳсулоти хӯрока иштирок карда, ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд. Дар идомаи ҳамоиш Созишнома байни Ширкати саҳомии «Заводи трансформатии Кентау»-и Қазоқистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» оид ба таъмини трансформаторҳои қазоқӣ ба имзо расид. *** Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ «Боғи кӯдакон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бегоҳии ҳамон рӯз дар амфитеатри боғи мазкур, ки дорои 500 ҷойи нишаст мебошад, бо иштироки насли наврасу хушбахти даврони истиқлол ва сарояндагони маҳбуби онҳо барномаи фарҳангию фароғатӣ доир карда шуд. *** 3 июли соли 2018 дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Рӯзномаи ҷаласа танҳо аз як масъала — муаррифии «Ҳисоботи миллӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор» иборат буд. *** 3 июли соли 2020 пас аз мавриди истифода қарор додани як зумра иншооти нави таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии сокинон, дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии Ваҳдат бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҷумҳуриявию вилоятӣ ва фаъолони вилоят мулоқот анҷом доданд. *** 3 июли соли 2020 дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 776 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар Ковид-19 баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Узбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд. *** 3 июли соли 2022 3 нафар олими тоҷик Самариддин Афғонов, Ҷумахон Файзализода ва Абулҳай Комилӣ академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд. *** Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии инвеститсионӣ доир ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва машварати минтақавӣ доир ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ доир гардид. *** Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории Шанхай ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд. 3 ИЮЛ: Дар Беларус – Рӯзи Истиқлолият. ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: Музаффар Бурҳонов — соли 1941 — раққос ва балетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ. МАНБАЪ: АМИТ «ХОВАР» 0
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад. Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. 0