Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳия Мурғоб. Тавре иттилоъ дода шуд, коргоҳи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ, сокини ноҳияи Мурғоб Майсар Аноятшоева ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар пешрафти амнияти озуқаворӣ ва таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор шароити мусоид фароҳам меорад. Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Аличори ноҳияи Мурғоб 5 гармхонаи парвариши сабзавот мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар таҷрибаи сокинони деҳоти мазкур ташкили чунин гармхонаҳо маротибаи аввал ба роҳ монда шудаааст. Кишоварзон ҳисоби фоидаи маҳсулоти киштнамудаашон бо ҳавасмандӣ мақсад доранд, ки шумораи гармхонаҳоро бештар намоянд. Дар ин гармхонаҳо маҳсулоти тару тоза, аз қабили помидор, бодиринг, кабудӣ ва дигар намуди сабзавот парвариш ёфта, сокинон мақсад доранд, ки дар баробари таъмини оилаи худ, инчунин бозори ноҳияро бо маҳсулоти гуногуни барвақтӣ ва тару тоза таъмин намоянд. Сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушҳол буда, дар татбиқи сиёсати бунёдкорона саҳми муносиб мегузоранд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд. Чанд рӯз пеш, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуданд, ки симои шаҳру ноҳия ва деҳоти вилоятро ба куллӣ тағйир дода, боз ҳам зеботар гардонидаанд. Танҳо дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бинои истиқоматии баландошёна барои 48 оилаи хизматчиёни давлатӣ, Маркази фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ ва савдо, китобхонаи бачагонаи вилоятӣ бо маркази рушди зеҳнӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, пулҳои мошингузар, инчунин, корхонаҳои коркарди гӯшт, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд, ки барои таъмин намудани зиндагии шоистаи сокинони вилоят муҳим мебошанд. Яке аз далелҳои асосии ин гуфтаҳо, ин дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, дар вилоят бунёду навсозии 1362 иншоот мебошад. Аз ин теъдод имрӯз корҳои сохтмонӣ дар 1059 иншоот ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ ба анҷом расидаанд, ки 78 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Хурсандиовар аст, ки то имрӯз дар вилоят 80 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 70 иншооти соҳаи маориф, 46 иншооти тандурустӣ, 74 иншооти варзиш, 29 иншооти фарҳанг, 246 километр роҳ, 37 пул ва садҳо иншооти дигари иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд гардидаанд. Аз ҷумла, пули нави мошингузар аз болои дарёи Ғунд ба дарозии 200 метр бо мумфаршкунӣ ва чароғонсозии якуним километр роҳ, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур, ки бо харҷи маблағҳои калон бунёд гардидаанд, барои таъмин намудани зиндагии шоистаи сокинони вилоят муҳим мебошанд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 1993-юм 5 баробар зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ – майи соли 2025 дар вилоят 45 коргоҳу корхонаи нав таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз афзудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ аз 13 ба 183 ва номгӯйи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10 намуд ба 70 намуд расидааст. Корхонаи коркарди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, ки асосан ба коркарди гӯшти парҳезии қутос машғул мебошад, яке аз калонтарин корхонаҳо дар миқёси вилоят буда, аз ҷониби соҳибкори бонангу номуси ватанӣ ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шудааст. Барои рушди соҳаи саноат дар вилоят вазоратҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки доир ба роҳандозии фаъолияти самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ ва содироти он тадбирҳои мушаххас андешанд. Бояд ёдовар шуд, ки соли 1991 иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 мегаватт буд.Соли 2024 ин рақам ба 47,5 мегаватт расида, 4,6 баробар зиёд шудааст. Чанд рӯз пеш дар вилоят Неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро бо иқтидори 11 мегаватт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бартараф намудани маҳдудияти барқ дар соатҳои сарборӣ ва устувории интиқоли он ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ба кор шуруъ намуд. Ҳамчунин, дар доираи сафари кории Президенти мамлакат 7 неругоҳи барқи офтобӣ ва барқи обии хурд дар деҳаҳои дурдасти вилоят ба истифода супорида шуданд. То охири соли равон боз 16 неругоҳи барқи офтобӣ, 11 неругоҳи барқи обии хурд ва як неругоҳи барқи бодӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Аз ҳисоби ба истифода додани иншооти энергетикии то охири соли равон сохташаванда иқтидори умумии истеҳсоли неруи барқ дар вилоят 28 мегаватт зиёд гардида, ба 75,5 мегаватт мерасад, яъне нисбат ба соли 1991-ум қариб 8 баробар зиёд мегардад.

image001
Далее Следующая запись:

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад.15 июл, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳо вобаста ба рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа, татбиқи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 – 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ворид гардидаанд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум то 14 июли соли 2025 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.

Ichlosiyai-Machlisi-vakiloni-halki-Dushanbe-9
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/