День: 02.07.2025

Ichlosiyai-Machlisi-vakiloni-halki-Dushanbe-9

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад.15 июл, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳо вобаста ба рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа, татбиқи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 – 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ворид гардидаанд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум то 14 июли соли 2025 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.

512671203_1261623848999257_6760873863094876944_n

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳия Мурғоб. Тавре иттилоъ дода шуд, коргоҳи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ, сокини ноҳияи Мурғоб Майсар Аноятшоева ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар пешрафти амнияти озуқаворӣ ва таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор шароити мусоид фароҳам меорад. Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Аличори ноҳияи Мурғоб 5 гармхонаи парвариши сабзавот мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар таҷрибаи сокинони деҳоти мазкур ташкили чунин гармхонаҳо маротибаи аввал ба роҳ монда шудаааст. Кишоварзон ҳисоби фоидаи маҳсулоти киштнамудаашон бо ҳавасмандӣ мақсад доранд, ки шумораи гармхонаҳоро бештар намоянд. Дар ин гармхонаҳо маҳсулоти тару тоза, аз қабили помидор, бодиринг, кабудӣ ва дигар намуди сабзавот парвариш ёфта, сокинон мақсад доранд, ки дар баробари таъмини оилаи худ, инчунин бозори ноҳияро бо маҳсулоти гуногуни барвақтӣ ва тару тоза таъмин намоянд. Сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушҳол буда, дар татбиқи сиёсати бунёдкорона саҳми муносиб мегузоранд.