Шоми имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ иброз намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои ду кишвар, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дарки амиқи марҳилаҳои рушди ҳамкории мутақобили судманд такони ҷиддӣ мебахшад. Дар идома аз ҷониби ҳунармандони Муғулистон барномаи рангини консертӣ бо таронаю оҳанг ва рақсҳои миллии ин кишвар пешниҳод карда шуд. Бояд гуфт, ки қабл аз оғози маросими ифтитоҳ дар саҳни бинои театр намоиши расмҳои рассомони Муғулистон баргузор шуд. Ёдовар мешавем, ки аз 23 то 26 июл Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар доираи сафари давлатӣ 24 июл дар Қасри миллат мулоқоту музокироти сатҳи олии ду давлат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух баргузор гардид. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот байни Тоҷикистону Муғулистон 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. 0
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» назорати бехатарии шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст…Аз 1 декабри соли 2020 дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорати бехатарии меҳнат бо реҷаи шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин реҷаи шабонарӯзӣ новобаста аз эълон гардидани мораторий, ки то соли 2027 мебошад, гузаронида мешавад. Чунин иброз дошт сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. «Дар баъзе мавридҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 20 ҳазор нафар кор мекунанд ва тамоми намуди техника ва таҷҳизот истифода бурда мешавад», — гуфт Санъат Раҳим Аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Аммо новобаста ба ин ҳамасола ҳодисаҳои нохуш ба қайд гирифта мешаванд. Яке аз сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш фориғболии кормандон мебошад. «Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш- ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон ва надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад»,-иброз гардид дар нишасти матбуотии хадамот. Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим гуфт, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ то соли 2027 аз ҷониби кормандони хадамот танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида мешаванд. 0
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 23 миллиард сомониро ташкил дод…Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 23 миллиарду 853,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 9,7 фоиз ё 2 миллиарду 109,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 54,1 фоиз ва бахши аҳолӣ 45,9 фоизро ташкил медиҳад. Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмолию саноатии мамлакат мусоидат менамоянд. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замин, гирифтани се-чор ҳосил дар як сол, афзоиши майдони кишти зироати таъйиноти ғизоӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва таъмини бозори дохилӣ таъкид намудаанд. 0
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 беш аз 760 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин давра ба Тоҷикистон 924 ҳазору 884 нафар шаҳрванди хориҷӣ омадаанд, ки аз ин шумора 761 ҳазору 391 нафарро сайёҳон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии сайёҳон беш аз 699 ҳазор нафар аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 59 ҳазору 822 нафар аз кишварҳои дур мебошанд. Ин маълумот аз таваҷҷуҳи хосса ва устувори сайёҳон ба Тоҷикистон ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ, хусусан дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мамлакатҳои дур дарак медиҳад. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбандаи ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир дорад. Рушди соҳаи сайёҳӣ боиси зиёд гардидани ҷойи кори нав, ворид шудани асъори хориҷӣ ва тақвият ёфтани нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мегардад. Инчунин сайёҳӣ ба соҳаҳои хизматрасонии нақлиёт, алоқа, савдо ва хӯроки умумӣ таъсири мусбат мерасонад 0
23 июл бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сафари давлатии Президенти Муғулистон аз 23 то 26 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст. 0
СОКИНОНИ ШАҲРИ БОСТОНИИ КӮЛОБ БО ОБИ НУШОКӢ ТАЪМИН МЕГАРДАНД Замони соҳибистиқлолии мамлакат, зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳ Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шаҳри бостонии Кӯлоб рушду нумуъ ёфта, ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Маҳз талошу заҳматҳои сокинони шарафманди ин куҳандиёр аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб солҳои охир дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз қабили “Шаҳри беҳтарин”, “Сайри гули лола” сазовори ҷойҳои намоён гардид. Имрӯзҳо тамоми талошу заҳматҳои сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сохта ба истифода додани 494-иншооти гуногун дар назар гирифта шудааст. Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳои обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб бо ҷалби маблағҳои грантии Бонки Аврупоии Таҷдид ва рушд аз соли 2021 аз тарафи Корхонаи Воҳиди давлатии “Хоҷагию манзилию коммуналӣ” амалӣ гардида истода, анҷоми он моҳи декабри соли 2025 пешбинӣ шудааст. Дар доираи амалинамоии лоиҳаи мазкур: сохтмони 18 адад ҳавзҳои оҳану бетонӣ бо ғунҷоиши 23 ҳазор метри куббӣ, 3 адад истгоҳи (стансия)-и обкашии нав ва 1 адад зеристгоҳи барқӣ, таъмир ва барқарорсозии 16 адад ҷоҳҳои амудӣ ва 3 истгоҳи обкашии мавҷуда, васли 9,1 ҳазор метр қубурҳои пулодӣ, 56,3 қубурҳои полиэтиленӣ ва 9,3 ҳазор метр қубурҳои корезӣ, насби 10,3 ҳазор обҳисобкунакҳо ба нақша гирифта шудааст. Мутобиқи маълумоти масъулини татбиқи лоиҳа ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 5 адад чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор дода шуда, корҳои барқарорсозӣ дар 13 адад чоҳои боқимонда идома дорад. Барқарорсози 3 адад истгоҳи обкашии мавҷуда айни ҳол дар ҷараёни корӣ қарор дорад. Насби ҳисобкунакҳо бошад 90 фоизи нақшаи дар лоиҳа пешбинигардида, ё ин ки аз 10,2 ҳазор адад 9,09 ҳазор адад таъмин гардида, қисмати боқимонда то охири соли ҷорӣ бояд пурра ба итмом расонида шавад. Айни ҳол таҷҳизотҳо барои истигоҳҳои обкашӣ, нассосҳо, қубурҳои обрасонӣ ва дигар лавозимоти сохтмонӣ, ки барои анҷоми пурраи лоиҳа зарур мебошад, харидорӣ намуда шудааст. Бо татбиқи пурраи лоиҳа сифати хизматрасонӣ дар шаҳри Кӯлоб беҳтар гардида, шумораи истифодабарандагони оби тозаи ошомиданӣ аз 78,0 ҳазор нафар ба 106,0 ҳазор нафар зиёд мегардад. Инчунин талафоти техникӣ паст гардида, таъминот ба истифодабарандагони 170 бинои баландошёна бо реҷаи шабонарӯзӣ бо об таъмин мегардад. Ҳамзамон ғунҷоиши ҳавзҳои захирави об аз 21.5 ҳазор метри куббӣ ба 44,5 ҳазор метри куббӣ афзоиш меёбад. Бо истифода аз фурсати муносиб аз кулли сокинони сарбаланди Кӯлобшаҳри бостонӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар вазъияти ногуворе, ки кулли сайёраи заминро фаро гирифтааст, яъне гармшавӣ ва тағйирёбии иқлим дар истифодаи сарватҳои табиӣ сарфакорона муносибат намуда бошанд. Ба қадри ҳар яқ қатра обу ҳар як зарра хоки поки Тоҷикистони азиз расида бошанд. Боварӣ ва итминони комил аст, ки мардуми ғаюру ҷасур ва диловари шаҳри бостонии Кӯлоб сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд. Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб 0
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид…Ҳарорати баланди ду моҳи охир дар Испания сабаби марги 1180 нафар гардидааст. Чунин маълумотро Вазорати муҳити зисти кишвар пешниҳод намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Kazinform» хабар медиҳад. Ба маълумоти манбаъҳои испанӣ, аксарияти фавтидагон нафарони аз 65-сола боло ва нисфи бештари онҳо занон будаанд. Минтақаҳои аз ҳама бештар зарардида Галисия, Ла-Риоха, Астурия ва Кантабрия мебошанд, ки дар қисми шимолии мамлакат воқеъ гардидаанд. Дар ин ҷойҳо ҳарорати пасти тобистона солҳои охир хеле баланд шудааст. Ба мисли дигар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ Испания ҳафтаҳои охир ба гармои шадид дучор шуда, ҳарорати ҳаво аксаран аз 40 дараҷа (104 дараҷаи Фаренгейт) низ баландтар гардидааст. Дар изҳороти вазорат бо истинод ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи тандурустии Карлос III омадааст, ки аз 16 май то 13 июли соли равон 1180 нафар бо сабабҳои алоқаманд ба гармии шадид фавтидаанд. Ин ҳолат дар ҳамин давраи соли 2024 114 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумот, дар давраи пешбининамудаи соли равон 76 огоҳии гармӣ дода шудааст, ҳол он ки як сол пеш ягон огоҳӣ ба қайд гирифта нашуда буд. 0
Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид…Имрӯз мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ баргузор шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ таъкид карданд. Файзиддин Қаҳҳорзода аз саҳми арзандаи Амороти Муттаҳидаи Араб дар рушди инфрасохтор, бахусус дар сохтмони роҳҳо дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, имконияти сармоягузории кишварро дар бахшҳои энергетика, молия, кишоварзӣ, нақлиёт, саноати сабук ва сайёҳӣ муаррифӣ намуд. Дар ин замина, ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб барои сармоягузорӣ ба ин соҳаҳо даъват гардид. Вазири молия ҳамчунин аҳамияти стратегӣ ва миллии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро тазаккур дода, аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб даъват намуд, ки дар доираи Фонди Абу Забӣ оид ба рушд (ADFD) барои тезонидани раванди гузаронидани расмиёти Фонд ҷиҳати ҷудо намудани маблағгузорӣ ба ин лоиҳаи бузурги энергетикӣ мусоидат намоянд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар заминаи шарикии эътимодбахш таъкид намуданд. 0
ҚУРБИ АСЪОР:Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 9.6872 сомонӣ; 1 евро – 11. 3272 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1242 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз 9.6872 то 9.7400 сомонӣ; 1 евро аз 11.3272 то 11.3000 сомонӣ; 1 рубли русӣ аз 0.1242 то 0.1210 сомонӣ. БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад». 0
ТАҚВИМ:14 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид. *** 17 сол қабл, 14 июли соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд. *** Дар ин рӯзи соли 2009 дар варзишгоҳи «Металлург» чемпионати дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олии «Регар-ТадАЗ» бо клуби «Энергетик»- и Душанбе баргузор гардид. *** 14 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти вақтии Ҷумҳурии Фаронса Николя Саркози ба муносибати солгарди иди миллии ин кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуданд. *** 14 июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири калони ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷеро, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур машғул аст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли пахта ва коркарди саноатии он баррасӣ шуд *** Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии неругоҳи «Норак», лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳоро баррасӣ карданд. *** 14 июли соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати «Ҷенерал Электрик»-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати амрикоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ карда шуд. *** Дар ин рӯзи соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо- вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфтанд. *** 14 июли соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду мамлакат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад. *** Соли 2023 Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров узви Раёсати иҷроияи Шурои олимпии Осиё (OCA) барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид. 14 ИЮЛ: Дар Фаронса иди асосии миллӣ– Рӯзи ба даст овардани Бастилия. 0