Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст? Дар моҳи дуюми тобистон — июл дар мамлакат ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст. Дар давоми моҳ баландшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар назар буда, ҳаво дар водиҳо то 44, ноҳияҳои ҷанубӣ то 46 ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 38 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои моҳи июли имсола ба соли 2001 шабоҳат дорад. Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 26+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 24 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 35 то 44 дараҷа гарм, рӯзҳои алоҳида дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 46 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 30 то 38 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳаво дар водиҳо аз 17 то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 13 то 25 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ камтар пешгӯӣ мешавад. Моҳи июл дар водиҳои вилояти Суғд ҳаво то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 19 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 34 то 43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 22 то 35 дараҷа гарм ва шабонаи ҳаво дар водиҳо аз 17 то 27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 7 то 19 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои алоҳидаи моҳ дар ноҳияҳои доманакӯҳию-кӯҳӣ боронҳои шиддатнокиашон гуногун пешгӯӣ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо эҳтимолан чангу ғубор ба амал ояд. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво то 20+24 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ҳаво аз 24 то 38 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ камтар, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ мешавад. Шамол бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида эҳтимолан чангу ғубор ба амал ояд. Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво 9+15 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, аз 12 то 20+25º гарм дар назар дошта шудааст. Шабона ҳаво аз 4+9 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Дар давоми 34 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваста афзоиш ёфта, айни замон қариб ба 11 ҳазор баробар гардидааст. Дар ин хусус 28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят иброз доштанд. Ин нишондиҳанда далели рушдёбии тадриҷии муҳити соҳибкориву сармоягузорӣ дар минтақа маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ва бахши хусусӣ чораҳои иловагӣ андешанд. Аз ҷумла, зарур аст ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон дастгирӣ, ва барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд. Пешвои миллат дар идома илова намуданд, ки аз ҷониби низоми бонкии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳибкорон ва аҳолии вилоят беш аз 2,4 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 2,2 миллиард сомонии он қарзҳои хурд мебошанд. «Дар баробари ин, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзии вилоят 68 фоиз ва соҳибкории истеҳсолӣ 26 фоиз коҳиш ёфтааст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ ва таҳкими фаъолияти истеҳсолӣ кофӣ нест», — изҳор намуданд Президенти мамлакат. Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон, «Амонатбонк», «Саноатсодиротбонк», бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ, дастрасии қарзҳо, ва пешниҳоди маблағгузории мақсаднок ба бахшҳои истеҳсолию соҳибкорӣ дар вилоят чораҳои иловагӣ андешанд.

korhona-dar-VMKB-Badahshon
Далее Следующая запись:

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар дуюмин Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup», ки аз 29 август то 8 сентябр таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 28 июн CAFA расман баргузории дуюмин мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои миллии мардонаро эълон кард. «CAFA Nations Cup 2025» бо иштироки шаш тими минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва ду тими даъватшуда – Уммон ва Малайзия доир мешавад. Қуръакашии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» 3 июл, соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи «А» дар Тошканд ва бозиҳо дар гурӯҳи «В» бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҳисор баргузор мешаванд. Бар асоси низомномаи мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025», рақобатҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозии ниҳоии мусобиқот дар Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор баргузор мешаванд.

photo_2025-06-30_08-43-09

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июнь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  
« Май   Июл »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram