Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид. Гармо ба он оварда расонд, ки дар баъзе кишварҳо ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа боло рафт. Мақомот сокинонро даъват намуд, ки эҳтиёткор бошанд, зеро ҳавои хушк, шамоли сахт ва гармӣ сабаби сар задани сӯхтори ҷангал шуда метавонад. Дар ҳоле ки ҳарорати тобистонаи ҳаво дар тамоми Аврупо рӯ ба болоравӣ овардааст, минтақаҳои гуногуни қитъа бо сӯхтори сершумори ҷангал ва мавҷҳои гармои шадид рӯ ба рӯ шудаанд. Дар Туркия ҳарорат аз 40 дараҷа боло шудааст. Сӯхтори ҷангал дар Измир, Бурсо, Текирдоғ, Сакаре ва Одоно сар задаанд, ки ҳолати изтирориро ба вуҷуд овардааст. Ҷиҳати мубориза бо сӯхтор гурӯҳҳои оташнишонии ҳавоӣ ва заминӣ сафарбар карда шудаанд. Ин ҳолат дар Одоно ба фоҷеа оварда расонд-ҳавопаймои оташнишонӣ ҳангоми кӯшиши гирифтани об аз наздиктарин сарбанд ба садама дучор гардид. Айни замон корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотбахшӣ идома доранд. Дар Юнон бештари сокинон ба соҳили баҳр мераванд, зеро дар кишвар аввалин гармои шадид дар соли равон сар задааст. Гармо то 4 июл шиддат гирифта, дар дохили кишвар то ба 40-41 дараҷа мерасад ва то охири рӯзҳои истироҳат идома хоҳад ёфт. Сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ дар Испания ва Португалия низ ба ба гармо дар рӯзҳои истироҳатӣ омодагӣ мебинанд, чун ҳарорат дар ин ҷо низ боло хоҳад рафт. Дар Португалия эҳтимол аст гармои шадид то ба 44 дараҷа расад. Хадамоти метеорологии Португалия дар бораи ба амал омадани гармои шадид барои тамоми қитъаи Португалия ҳушдор дод. Барои қисмати бештари ин кишвар ҳушдори зард ва барои баъзе минтақаҳои дохилӣ бо хатари баланд шудани ҳарорати ҳаво ҳушдори норинҷӣ дода шудааст. Мақомот аз аҳолӣ даъват намудааст, то аз амалҳое, ки ба сар задани сӯхтор оварда мерасонад, худдорӣ намоянд, чун шароити хушк ва шамолҳои пуршиддат метавонанд ба сӯхтор оварда расонад. Ҳолати ба ин монанд дар Италия низ ба амал омадааст. Ҳушдори сурх барои бештари шаҳрҳои Италия аз сабаби гармои шадид, ки рӯзҳои истироҳатӣ фаро хоҳад расид, эълон карда шудааст. Дар вазорат иброз дошанд, ки дар минтақаҳои бо ҳушдори «сурх»-и хатари гармо нишон додашуда, эҳтимол аст гармо хатари ҷиддиро на танҳо ба нафарони барҷомонда, кӯдакон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин, балки барои нафарони солим ва фаъол низ дар пай дошта бошад.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва санитария як масъалаи мубрам барои миллиардҳо одамон дар саросари ҷаҳон боқӣ мемонад. Ин танҳо як нороҳатӣ нест — ин масъалаи ҳаёт ва мамот аст. Дар ин хусус муовини Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба ҳуқуқи башар Нада Ал-Нашиф дар ҷаласаи Шурои ҳуқуқи башар ёдовар шуд. «Аз об чизи муҳимтаре нест, аммо беш аз 2 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ ва 3,4 миллиард нафар ба шароити беҳдоштии муносиб дастрасӣ надоранд », — гуфт Нада Ал-Нашиф. Тибқи иттилои ӯ, «ҳамасола ҳудуди 1 миллиону 400 ҳазор нафар аз бемориҳои сироятӣ, ки бар асари оби олуда ва набуди беҳдошт, аз қабили вабо, дарунравӣ ва домана мефавтанд. Гузашта аз ин, мизони фавт дар бархе аз кишварҳои сатҳи даромадашон паст назар ба давлатҳои пешрафта тақрибан 500 маротиба бештар аст». Иброз гардид, ки беш аз ҳама дар таъмини об тағйирёбии иқлим таъсири харобкунанда дорад. Хушксолӣ тӯлонӣ мешавад ва тӯфонҳое, ки инфрасохтори обро хароб мекунанд, пурқувваттар мегарданд. Кишварҳои рӯ ба рушд дар тангнои қарз қарор доранд, аксар вақт воситаҳои сармоягузорӣ ба захираҳои об надоранд, дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафта пули об барои бисёре аз оилаҳо бори тоқатфарсо мегардад. Ба гуфтаи намояндаи Созмони Милали Муттаҳид, ин чолишҳо махсусан барои гурӯҳҳои осебпазир мушкил мебошад. Одамони дорои маълулият аксар вақт ба ҳоҷатхонаҳои мутобиқшуда дастрасӣ надоранд. Занон ва духтарон ба зӯроварӣ ва хатарҳои саломатӣ дучор мешаванд, ки маҷбуранд барои дарёфти об ё ҷои хусусӣ масофаҳои дурро тай кунанд. Набудани шароити беҳдошт дар мактабҳо духтаронро маҷбур мекунад, ки дар давраи ҳайз аз дарсҳо канорагирӣ кунанд ва таҳсили онҳоро зери хатар мегузорад. Мардуми бумӣ ва сокинони маҳаллаҳои фақирнишини шаҳрҳо эҳтимоли бештар аз манобеи оби олудашуда истифода мекунанд ва бахусус ба офатҳои иқлимӣ осебпазиранд. «Об неъмати ҷамъиятӣ аст, на мол,- изҳор дошт Ал-Нашиф ва афзуд, ки бидуни об ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, саломатӣ, ғизо, кор ва муҳити солим зери хатар аст». Муовини Комиссари Олӣ даъват кард, ки конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун як фурсат барои муттаҳидсозии иродаи сиёсӣ ва гузоштани ҳуқуқи инсон дар маркази идоракунии захираҳои об истифода шавад.

Bolee-2-milliardov-chelovek-ne-imeyut-dostupa-k-bezopasnoj-pitevoj-vode
Далее Следующая запись:

Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад. Дар шаҳри Хоруғ ояндаи наздик Форуми байналмилалии «Помир-инвест-2025» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Дар ҷаласаи тадорукоти форум таваҷҷуҳи масъулин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани Форуми «Помир-инвест-2025» ҷалб гардид. Бояд тазаккур дод, ки Форуми байналмилалии «Помиринвест» ҳамасола бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории форум ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкории корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ бо корхонаю ширкатҳои вилоят мебошад.

Pomirinvest-2022-25

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июнь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  
« Май   Июл »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram