ҚУРБИ АСЪОР: Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 9.9114 сомонӣ; 1 евро – 11. 4031 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1261 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз 9.9114 то 9.9500 сомонӣ; 1 евро аз 11.4031 то 11.3200 сомонӣ; 1 рубли русӣ аз 0.1261 то 0.1254 сомонӣ. БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад». Навигация записи Назад Предыдущая запись: Таҳти раëсати муовини Сарвазир оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Имрӯз дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» таҳти раëсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва кормандони соҳаи барқ иштирок намуданд. Дар ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2025 дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. «Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 оид ба пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкунии қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад»,-афзуд муовини Сарвазир. Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода зимни гузориш иттилоъ дод, ки «санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи 5 моҳи соли равон 520 қонунвайронкуниҳо оид ба истифодаи қувваи барқ ошкор намуд. Аз натиҷаи санҷиши онҳо нисбат ба шахсони гунаҳкор 25 парвандаи ҷиноятӣ ва 250 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, зиёда аз 13 миллион сомонӣ маблағи қарзи истифодаи қувва барқ рӯёнида шудааст». Тибқи иттилои муовинии прокурор, дар маҷмуъ дар давраи сипаригардидаи соли равон бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ нисбат ба шаҳрвандон ва шахсони масъули шабакаҳои барқ, танҳо дар давоми 5 моҳ 130 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шуданд.Далее Следующая запись: ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛИ КӮДАКОНА. 19 июн Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона эълон шудааст. Ин сана соли 2001 ба шарофати созишномаи байни ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст. Ҳадафи ин рӯз дарёфти кӯдакони лаёқатманд ва ҳавасманд намудани онҳо дар ин риштаи варзиш мебошад. Тавре дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар мамлакат барои ҳавасмандсозии кӯдакону наврасон ба ин намуди варзиш чораҷӯйӣ шуда, танҳо дар яке аз лоиҳаҳои «Футбол ба назди шумо меояд» соли гузашта зиёда аз 35 ҳазор нафар бачагон аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2024 беш аз 75 000 кӯдакону наврасони аз 6 то 18 — сола ба футбол ҷалб карда шуданд, ки ин шумора соли 2023 55 000 нафар буд. Имсол бошад, аллакай беш аз 40 ҳазор нафар кӯдакон ба футбол ҷалб карда шудаанд. Бо дастгирии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз футболи кӯдакона дар мамлакат бо суръати баланд рушд мекунад. Дар ин маврид бояд муваффақиятҳои дастаҳои яккачини ҷавонон ва наврасони тоҷикро ёдовар шуд. Аз ҷумла, чанде қабл дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ғолиб гардид. Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, моҳи майи соли 2024 бо ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 май аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шуд. Соли равон Рӯзи ҷаҳонии футбол дар аксар давлатҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон бо шукуҳи хосса таҷлил гардид. Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар байни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро амалӣ менамояд. Далели ин бунёд гардидани майдонҳо ва майдончаҳои футбол дар шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар деҳоти дурдаст мебошад, ки ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Ёдовар мешавем, ки соли 2021 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон «Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024», инчунин нақшаи амалисозӣ ва ҳайати кумитаи тадорукотии амалисозии Барнома тасдиқ шуд. Ҳадафҳои асосӣ аз амалишавии Барнома тақвият бахшидан ба пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти мамлакат мебошад. Хотиррасон мешавем, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар саросари мамлакат беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шуд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 14 апрели соли 2022 «Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026» тасдиқ гардид. Дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе дар панҷ соли охир тавассути татбиқи барномаҳои рушди варзиш беш аз 300 майдончаи варзиш бунёд гардида, шумораи умумии онҳо ба 500 расид. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳим барои бунёду навсозии инфрасохтори варзиш тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.