Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Таҳти раëсати муовини Сарвазир оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Имрӯз дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» таҳти раëсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва кормандони соҳаи барқ иштирок намуданд. Дар ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2025 дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. «Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 оид ба пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкунии қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад»,-афзуд муовини Сарвазир. Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода зимни гузориш иттилоъ дод, ки «санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи 5 моҳи соли равон 520 қонунвайронкуниҳо оид ба истифодаи қувваи барқ ошкор намуд. Аз натиҷаи санҷиши онҳо нисбат ба шахсони гунаҳкор 25 парвандаи ҷиноятӣ ва 250 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, зиёда аз 13 миллион сомонӣ маблағи қарзи истифодаи қувва барқ рӯёнида шудааст». Тибқи иттилои муовинии прокурор, дар маҷмуъ дар давраи сипаригардидаи соли равон бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ нисбат ба шаҳрвандон ва шахсони масъули шабакаҳои барқ, танҳо дар давоми 5 моҳ 130 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шуданд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

8 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар рӯнамоӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҳамоиш иброз гардид, ки фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Ашӯр Сафар аз солҳои 50-уми асри гузашта ибтидо гирифта, пайваста рушду такомул ёфтааст. Шеърҳои Ашӯр Сафар бо соддабаёнӣ, равонӣ, мазмуну муҳтавои баланд, тасвирҳои зебо, тозабаёнӣ, банду баст ба дубайтию рубоӣ ва дигар жанрҳои адабӣ фарқ мекунад. Шоир ҳамвора кӯшидааст, ки шеърҳояшро бо забони сода ва возеҳу равшан баён кунад. Ӯ дар эҷодиёташ аз вожаҳо ва ибораҳои корбурди байни мардум ба таври васеъ истифода бурдааст. Ҳамин аст, ки шеъри ӯ ба дилҳо роҳ ёфта, ба таронаҳои дилангез табдил ёфтаанд ва имрӯз ҳам аз ҷониби овозхонҳои машҳури тоҷик иҷро мегарданд. «Аз Ашӯр Сафар ба мо осори баланди пур аз панду насиҳат боқӣ мондааст, ки хонандагон метавонанд доир ба осори баъдеии ин шоири тоҷик маълумоти муфассал аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоянд»,-баён шуд дар ҳамоиш. Шоир соли 1967 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, бо эҷод ва нашри китобҳои зиёде, ба мисли «Илҳом», «Хандаи гулҳо», «Фарзанди аср», «Самари умр», «Гули маҳтоб», «Базми садоқат», «Гапи подор», «Арзи меҳр» ва «Гулбоғ» байни дӯстдорони шеъри ноб машҳур гардид. Намунаи ашъори Ашӯр Сафар ба забонҳои русӣ, узбекӣ, арманӣ, қирғизӣ, туркманӣ тарҷумаву нашр гардида, китобҳои алоҳидааш ба забони русӣ дар Москва ва ба хатти форсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чоп шудаанд. Рӯнамоии чунин дастурҳо ва китобномаҳои шарҳиҳолӣ барои муҳақиқони ҷавон ва донишҷӯён бисёр муфид буда, метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд. Дар Китобхона миллӣ аз оғози фаъолият то ба имрӯз диққати асосӣ ба библиографияи тоҷик, махсусан дар омода ва таҳия намудани дастурҳои библиографӣ, хизматрасонии библиографӣ дода мешавад. Ин муассиса ҳамчун маркази библиографӣ барои тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ дастурҳои методию тавсиявӣ, дастурамалҳо таҳия менамояд.

Kitobhonai-milli-
Далее Следующая запись:

ҚУРБИ АСЪОР: Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 9.9114 сомонӣ; 1 евро – 11. 4031 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1261 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз 9.9114 то 9.9500 сомонӣ; 1 евро аз 11.4031 то 11.3200 сомонӣ; 1 рубли русӣ аз 0.1261 то 0.1254 сомонӣ. БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

kurb

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июнь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  
« Май   Июл »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram