Варзишгардухтарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ иштирок намуда, сазовори 12 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муасисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои Олимпии рақами 1»-и шаҳри Душанбе хабар доданд. Мусобиқа 14 — 15 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар он дастпарварони Муасисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои Олимпии рақами 1”-и шаҳри Душанбе оид ба гимнастикаи бадеӣ иштирок намуданд. Дар ин мусобиқа аз ҳашт давлати дунё — Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Ҷопон, Озарбойҷон, Тайланд ва Сингапур истеъдодҳои наврасу ҷавони гимнастикаи бадеӣ ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик таҳти роҳбарии сармурабии Федератсияи гимнастикаи бадеии Тоҷикистон Миҷгона Шарифова иштирок намуданд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: ДУШАНБЕ, 18.06.2025. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.0864 сомонӣ; 1 евро – 11. 6679 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1286 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз 10.0864 то 9.9500 сомонӣ; 1 евро аз 11.6679 то 11.3200 сомонӣ; 1 рубли русӣ аз 0.1286 то 0.1240 сомонӣ. БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».Далее Следующая запись: Аз 19 то 22 июни соли равон дар ҷумҳурӣ баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, 19 ва 20 июни соли равон бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел аз эҳтимол дур нест. Аз нимаи дуюми рӯзи 19 июн то 22 июн дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби шиддатнокии вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб, дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 15-20 метр дар як сония боиси хокбориш мегардад. Инчунин дар ин рӯзҳо баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад. Дар робита ба рӯзҳои номусоиди ҳаво, мутахассисони соҳаи тиб ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Дар чунин ҳавои номусоид бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия авҷ мегиранд. Аз ин рӯ шахсони гирифтори чунин бемориҳо бояд дар беруни биноҳои истиқоматӣ камтар гарданд. Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад. Шахсоне, ки бемориҳои дорои хусусияти мавсимӣ доранд, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ, полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво бояд эҳтиёт намоянд. Зеро шахсони гирифтори бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шарёнӣ ва бемориҳои тарбод дар чунин ҳаво азият мекашанд.