Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон 16.06.2025 20.46 Қазоқистон 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Далее Следующая запись: ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз моҳи июни соли равон зернизоми Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёти низоми иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- «АСИКУДА*-и ҷаҳонӣ» дар фаъолияти амалии ҳамаи дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ фаъол гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зернизоми мазкур бо мақсади иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ ва дар ин робита мусоидат ба раванди табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ фаъол гардидааст. Бо амалӣ гардидани ин зернизом, воситаҳои нақлиёти хориҷӣ ва қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарҳади давлатиро убур менамоянд, дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук ба таври электронӣ сабт шуда, маблағҳои хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти хориҷӣ тавассути ҳудуди Тоҷикистон ба таври худкор ҳисоб гардида, пардохти ғайринақдии маблағҳои мазкур то иҷозат додан ба вуруду хуруҷи восиатҳои нақлиёт ба таври самаранок таъмин карда мешавад. Ин раванд бо мақсади такмили назорати гумрукӣ, суръатбахшӣ ба барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои давлатӣ равона гардидааст. Ҷорӣ намудани зернизоми муосири Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёт дар фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як марҳилаи муҳим дар самти рақамикунонии раванди гумрукӣ, таҳкими назорати гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.