Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз моҳи июни соли равон зернизоми Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёти низоми иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- «АСИКУДА*-и ҷаҳонӣ» дар фаъолияти амалии ҳамаи дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ фаъол гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зернизоми мазкур бо мақсади иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ ва дар ин робита мусоидат ба раванди табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ фаъол гардидааст. Бо амалӣ гардидани ин зернизом, воситаҳои нақлиёти хориҷӣ ва қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарҳади давлатиро убур менамоянд, дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук ба таври электронӣ сабт шуда, маблағҳои хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти хориҷӣ тавассути ҳудуди Тоҷикистон ба таври худкор ҳисоб гардида, пардохти ғайринақдии маблағҳои мазкур то иҷозат додан ба вуруду хуруҷи восиатҳои нақлиёт ба таври самаранок таъмин карда мешавад. Ин раванд бо мақсади такмили назорати гумрукӣ, суръатбахшӣ ба барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои давлатӣ равона гардидааст. Ҷорӣ намудани зернизоми муосири Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёт дар фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як марҳилаи муҳим дар самти рақамикунонии раванди гумрукӣ, таҳкими назорати гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон 16.06.2025 20.46 Қазоқистон 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

54593704860_71688c8e3d_b
Далее Следующая запись:

ТАСДИҚИ РАМЗИ ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ХАТЛОН — ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ» Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид рамзи форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳиро таҳти унвони «Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ» тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он бо истифода аз рангҳои сафед, сабз, сурх, зард, зеб дода шуда, «Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ» бо се забон навишта шуда, дар қисмати байн нақши чакан омадааст. Дар қисми марказӣ расми сайёҳ, дарё, меваҷот, ёдгориҳои таърихӣ, кӯҳ ва дар қисми болои кӯҳ манзараи тулӯи офтоб ҷой дода шудааст. Воситаҳои ахбори омма, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд аз рамзи форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳиро таҳти унвони «Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ» васеъ истифода баранд. 20 июни соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ» форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад. Форум ва намоишгоҳ бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷию дохилӣ, муаррифии имконоти сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва саёҳат дар вилояти Хатлон доир мегарданд. Инчунин ин форум ба рушд додани ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ мусоидат менамояд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

photo_2025-06-17_11-56-26

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июнь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  
« Май   Июл »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram