Иштирок дар Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” 17.06.2025 17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиши имрӯза метавонад дар расидан ба тамоми ҳадафҳои созандаи мо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муассир гузорад. Таъкид гардид, ки ҳамкории иқтисодӣ, бе шубҳа, яке аз унсурҳои асосии робитаҳои судбахш мебошад. “Дар ин самт мо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таҳкими минбаъдаи шарикии бисёрҷанбаи тиҷоративу иқтисодии мо нигаронида шудаанд, аҳамияти хоса медиҳем”, изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бахшҳои энергетика, аз ҷумла рушди энергетикаи “сабз”, саноат, коркарди минералҳои муҳим, нақлиёт, васеъ кардани долонҳои транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли бор ҳамчунин, рушди кишоварзӣ, аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳо номида шуд. Дар баробари ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаи рушди пайвасти рақамикунонӣ, аз қабили ҷорӣ намудани моделҳои инноватсионии тиҷорат, аз ҷумла тиҷорати электронӣ ҳамчун омили таконбахши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамоҳоеро, ки ба шарофати рушди технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ барои иқтисодиёти кишварҳои мо кушода мешаванд, муҳим арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди ташаббуси Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2024 дар бораи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд, ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди минбаъдаи ҳамкории нақлиётию логистикӣ дар минтақа, соддагардонии расмиёти ҳамлу нақли мултимодалии борҳо ва афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила низ ба рушди иқтисодии минтақавӣ такони пурқуввате хоҳанд дод. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси таҳияи Барномаҳои рушди кластерҳои саноатӣ (комплексҳо)-ро, ки барои ҷалби сармоя ва технология, ҳавасмандгардонии маҳаллисозии истеҳсолот, шароити иловагӣ фароҳам меорад, ҷонибдорӣ намуданд. Дар ҳамоиш Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои пешбурди “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо” ҷиҳати таъмини рушди устувор, ҳамкории минбаъда дар ин соҳа андешаронӣ намуданд. Таъмини амнияти озуқаворӣ, тавсеаи иқтидори содиротии минтақа ва логистикаи таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, ташаккули иқтисоди “сабз” дар минтақа, инчунин, ҳамоҳангсозии меъёрҳои фитосанитарӣ ва байторӣ аз мавзуъҳои муҳими суханронии Роҳбари давлати мо буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкории судмандро дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнокро зарур арзёбӣ намуданд. Таҳкими сулҳу суботи пойдор ва зиндагии осоишта дар минтақа ва атрофи онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкории бисёрҷониба номиданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самтҳо бо мақсади ба даст овардани шароити муътадил ва пешгӯишавандаи беруна дар атрофи кишварҳоямон ба хотири некӯаҳволии наслҳои ҳозира ва оянда ҳастем”. Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои чорабинии имрӯза бомуваффақият ва пурсамар хоҳад буд. Дар ҳамоиш, ки бо иштироки сарони ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷараён гирифт, муҳимтарин масоили вобаста ба рушди ҳамкории муштарак баррасӣ гардид. Аз ҷумла, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва алоқамандии кишварашро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалияти волои сиёсати хориҷии Чин мебошад. Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки Чин омода аст таҷриба ва технологияҳои худро барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ дастрас намояд. Дар фароварди ҳамоиш ба таври фосилавӣ Маркази ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Осиёи Марказӣ-Чин ифтитоҳ ёфт. Аз рӯи натиҷаи кори Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” як қатор санадҳои муҳим, аз ҷумла Паймони ҳамсоягии абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ ва Эъломияи Остона ба имзо расид. 0
Сарвазири Тоҷикистон бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд. 17 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова мулоқот намуд. Сарвазири Тоҷикистон ба Татяна Проскурякова, ки ваколатҳояш ба ҳайси директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ анҷом ёфт, барои ҳамкории самарабахш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид. Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зоҳир карда шуд. 0
Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 17.06.2025 https://www.president.tj/event/news/51202 17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сафари таърихии давлатии Шумо ба Тоҷикистон уфуқҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро боз кард”. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чинро баланд арзёбӣ менамояд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, ки соли гузашта ҷараён дошт, бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳарду ҷониб самарабахш хоҳад буд. Раиси Чин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим баҳои баланд дода, Сарвари давлати моро бо баргузорсозии босамари нахустин Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо табрику таҳният гуфтанд. Муҳтарам Си Ҷинпин ҳамчунин таъкид доштанд, ки Чин минбаъд ҳам рушди ҳамаҷониба ва таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард. Ба масоили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар самтҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз рушди ҳамкории минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноат карда шуд. Гуфта шуд, ки дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин ҳудуди зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад. Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзии мо тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ амал мекунад. Бо назардошти рушди босуръати саноат, бунёди паркҳои муштараки технологии саноатӣ, инчунин “IT-марказҳо”-и илмию тадқиқотӣ амри муҳим дониста шуд. Ташкили корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи чинӣ оид ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, дорусозӣ ва саноати химия дар Тоҷикистон, зарур шумурда шуд. Таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чин самти ояндадори ҳамкорӣ номида шуд. Доир ба рушди муносибатҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, бахшҳои тандурустӣ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ табодули андеша сурат гирифт. Ҳар ду ҷониб оғози парвозҳои мустақими мусофиркашонӣ миёни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд. Аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон дар соли равон истиқбол карда шуд. Cатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” таъкид гардид. Ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти таъмини амният алоқамандии худро таъкид доштанд. Аз руи натиҷаи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид: — Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ; — Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030; — Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ; — Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин; — Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонаии Чин; — Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин. 0
ТАСДИҚИ РАМЗИ ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ХАТЛОН — ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ» Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид рамзи форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳиро таҳти унвони «Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ» тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он бо истифода аз рангҳои сафед, сабз, сурх, зард, зеб дода шуда, «Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ» бо се забон навишта шуда, дар қисмати байн нақши чакан омадааст. Дар қисми марказӣ расми сайёҳ, дарё, меваҷот, ёдгориҳои таърихӣ, кӯҳ ва дар қисми болои кӯҳ манзараи тулӯи офтоб ҷой дода шудааст. Воситаҳои ахбори омма, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд аз рамзи форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳиро таҳти унвони «Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ» васеъ истифода баранд. 20 июни соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ» форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад. Форум ва намоишгоҳ бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷию дохилӣ, муаррифии имконоти сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва саёҳат дар вилояти Хатлон доир мегарданд. Инчунин ин форум ба рушд додани ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ мусоидат менамояд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон 0
ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз моҳи июни соли равон зернизоми Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёти низоми иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- «АСИКУДА*-и ҷаҳонӣ» дар фаъолияти амалии ҳамаи дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ фаъол гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зернизоми мазкур бо мақсади иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ ва дар ин робита мусоидат ба раванди табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ фаъол гардидааст. Бо амалӣ гардидани ин зернизом, воситаҳои нақлиёти хориҷӣ ва қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарҳади давлатиро убур менамоянд, дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук ба таври электронӣ сабт шуда, маблағҳои хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти хориҷӣ тавассути ҳудуди Тоҷикистон ба таври худкор ҳисоб гардида, пардохти ғайринақдии маблағҳои мазкур то иҷозат додан ба вуруду хуруҷи восиатҳои нақлиёт ба таври самаранок таъмин карда мешавад. Ин раванд бо мақсади такмили назорати гумрукӣ, суръатбахшӣ ба барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои давлатӣ равона гардидааст. Ҷорӣ намудани зернизоми муосири Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёт дар фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як марҳилаи муҳим дар самти рақамикунонии раванди гумрукӣ, таҳкими назорати гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад. 0
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон 16.06.2025 20.46 Қазоқистон 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. 0