Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд. Дар иҷлосия Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодаи Неругоҳи барқи обии Сангтуда-1 аз 30 июли соли 2009 мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарори дахлдор қабул карда шуд. Ҳадафи асосии Протоколи мазкур ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб меравад. Дар доираи Протокол ҳаҷми сармояи ҷонибҳо ба маблағи умумии 847 миллон доллари ИМА муаяйн карда шудааст. Татбиқи тарифҳои имтиёзнок аз соли 2025 оғоз гардида, дар соли якум тарифҳо 1,5 сенти ИМА ва дар соли 2032 ба 2,2 сенти ИМА баробар хоҳад шуд. Муҳлати бозгашти сармояи ҷонибҳо дар доираи ин иншоот, аз 20 сол ба 35 сол (15 соли иловагӣ — аз соли 2034 ба соли 2048) иваз карда шуд. Бо таъмин намудани иҷрои муқаррароти бозбинишудаи Созишномаи амалкунанда ба соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ самараҳои зерин дар назар аст: -Давоми солҳои 2025 — 2034 марҳила ба марҳила пурра аз эътибор соқит намудани қарзҳои ба ҳолати 31.12.2024 ба амаломада — ба маблағи 3 миллиарду 257 миллон сомонӣ баробар ба 297 миллион доллари ИМА. -Паст шудани тарифҳои хариди неруи барқ ба 1,5 сенти ИМА аз 3,168 сенти ИМА, яъне 2,1 мартиба паст карда шуда, то охири соли 2032 ба 2,2 сенти ИМА баробар мешавад, ки он аз сатҳи имрӯзаи тарифҳо низ паст мебошад. Минбаъд, аз соли 2033 то охири соли 2048 дар сатҳи 3,3 сенти ИМА яксон хоҳад монд. Тибқи таҳлилҳо, самаранокии молиявии натиҷаҳои музокиротҳо ва муқаррароти Протоколи мазкур дар давоми солҳои 2025-2049 маблағи 588 миллион доллари ИМА арзёбӣ шудааст.

photo_2025-06-16_14-32-55
Далее Следующая запись:

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон 16.06.2025 20.46 Қазоқистон 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

54593704860_71688c8e3d_b

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июнь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  
« Май   Июл »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram