Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Ин ҷашн бо мақсади иҷрои банди 20-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад. Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди маҳал, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, содирот, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд доир намудани ин ҷашн муваззаф гардидаанд. Мавриди ёдоварист, ки Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад. Агар Сада дар фасли зимистон, Наврӯз дар баҳорон ва Меҳргон дар тирамоҳ таҷлил ёбанд, пас Тиргон ҷашни тобистон аст. Ин ҷашнҳо ҳар яке марбут ба табиат ҳастанд, чуночи, Сада ҷашни оташ, Наврӯз ҷашни хоку замин, Тиргон марбути об ва Меҳргон марбути рӯшноии осмон ва ҳаво аст. Ёдовар мешавем, ки Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир (тиррӯз) баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд. Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмию фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ, дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодӣ эҳё гардид, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба фаъолияти эҷодии шоир Ҳабибулло Файзулло маҳфили адабӣ доир мешавад. 21 июн дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бахшида ба 80-солагии шоири шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Файзулло маҳфили адабӣ баргузор мегардад. Ватан дар синаам бо ин бузургӣ, Ба монанди диле маъво гирифтаст, Ки гӯё чун раги хун аз дили ман, Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст. Сафи амвоҷ ҳамчун сатри шеърам, Шавад иншо ба рӯи дафтари дил. Ситода рост гӯё кӯҳсораш Ба мисли посбоне ба дари дил… Ҳабибулло Файзулло дар адабиёти муосири тоҷик бо ашъори рангинаш мавқеъ дошта, ҳамчун тарҷумони асарҳои адибони барҷаста низ ба хубӣ шинохта ва ном бурда мешавад.

Habibullo-Fajzullo
Далее Следующая запись:

Санъати нодир — кундал дар Тоҷикистон рушд меёбад Июнь 15, 2025 ар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон коллексияи «Кандакорӣ ва кундал» мавҷуд аст, ки зиёда аз 380 ададро ташкил медиҳанд. Кундал, ки ба таври дигар нақшу нигори возеҳ меномандаш, намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказӣ аст, ки танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ривоҷ меёбад. Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб мекунад. Мувофиқи тахмини олимон, замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои қадимаи Самарқанд (Шоҳи Зинда, Гӯри Амир, Оқсарой) усули нави ороиш рӯи кор омад, инчунин қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тилло оро медод, ки ба дебо шабоҳат дошт. Дар таркиби коллексияи «Кандакорӣ ва кундал» асарҳои устодони барҷастаи ҳунари тоҷик, аз қабили Ҳамроқул Шарифов, Мирзораҳмат Олимов, Кароматулло Ғаюров, Мирсаидов Саъдулло, Сироҷиддин Нуритдинов, Алӣ Яҳёев ва дигарон мавҷуданд, ки дар ошёнаи сеюми шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамарӯза ин коллексияро ҳазорҳо нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ тамошо мекунанд. Ёдовар мешавем, ки устодони барҷастаи кундал дар мамлакат Ҳамроқул Шарифов ва Мирзораҳмат Олимов маҳсуб мешаванд. Мирзораҳмат Олимов асосгузори мактаби миллии кундал буда, анъанаҳои онро дар шаҳри Душанбе фаъолона паҳн мекард. Аз пайравони ӯ дар шаҳри Душанбе мебояд Кароматулло Ғаюров ва Тошқувват Ҳаитовро ном бурд.

  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/